Нашрияи Омӯзгор

«Садои хомӯш»

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

 Чанде пеш китоби нав таҳти унвони «Садои хомӯш» аз чоп баромад. Ин китоб ба хотираи неки собиқ корманди радиои «Садои Душанбе», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шариф Мисайзод бахшида шуда, муҳовараҳои рӯзноманигорон бо ӯ, нигоштаву мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои шинохта ва шеърҳоеро, ки аҳли қалам дар борааш сурудаанд, фаро мегирад. Маҷмӯаи мазкур бо ҳиммати шоир Афсар Сармад бо теъдоди 300 нусха чоп ва дастраси хонандагон гардид.

Мураттиби маҷмӯаи «Садои хомӯш» Афсар Сармад дар пешгуфтори китоб бо сӯзу гудоз зикр намудааст: «Ту зебоипараст, ошиқу шайдо ва мафтуни зиндагӣ будӣ. Қатори ҷигарбандонат, дороият қаламу сухан буду ҳамрозат китоб. Дар умри кӯтаҳат кӯшиш ба харҷ медодӣ, ки кори неке анҷом дода бошӣ, ҳамеша дар муборизаи байни зиндагию марг қарор доштӣ. Вале дар охир қалби афсурдаат тоб оварда натавонисту моро тарк намудӣ, бебозгашт рафтӣ…

Вале ёди ту, садо ва номи некат дар ҷаридаи қалбҳои дӯстонат абадӣ нақш бастааст…»

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш