Дар дарси алгебра дар синфи 10 мавзӯи «Ёфтани қимати калонтарин ва хурдтарин»-ро бо иҷрои ҳалли масъалаҳо ба хонандагон мефаҳмонем. Мусаллам аст, ки табиат хосиятҳои аҷоибе дорад. Аз ҷумла, амалиёти занбӯри асалро мушоҳида кардаем. Занбӯр чакраи асалро аз шукуфаи гул гирифта, то ба қуттии асал рост парвоз мекунад, ба умеди он ки қувва ва вақти хешро сарфа карда, дар давоми рӯз бештар рафтуо кунад ва ҳар чӣ зиёдтар асал ҷамъ оварад. Дар замини хушк растанӣ вертикалӣ ба поён реша медавонад, то ки ба нуқтаи баландтарини сатҳи намнок расад. Офтобпараст рӯи худро ба офтоб мегардонад, то ин ки бештар энергияи офтобро гирад. Олими Юнони қадим Герони Александрӣ (асри I мелод) ва 1700 сол баъдтар олими фаронсавӣ П.Ферма ва О.Декарт дар физика ҳодисаҳои зеринро муқаррар карданд:
Нури равшанӣ дар муҳити ғайриякҷинса ҳамин гуна траекторияеро интихоб мекунад, ки барои бартараф намудани монеаи тамоми роҳ вақти камтарин сарф шавад. Табиат сарфакор аст. Дар биология аз замони Дарвин (солҳои 1858) ба ақидае омаданд, ки бо роҳи интихоби табиӣ беҳтарин зоти ҳайвонҳо ва растаниҳо ба вуҷуд меоянд. Инак, чун ҷузъи табиат доимо дар кӯшиши он аст, ки масъалаҳои ҳаёт ба миён гузоштаро беҳтару хубтар ҳал кунад. Чора меҷӯяд, ки захираҳои меҳнатиро сарфакорона истифода баранд. Бо сарфи ками вақт даромади зиёд ба даст орад, бо харҷи кам маҳсулнокии баландро соҳиб шавад ва ғайра. Албатта, ҳамаи ин масъалаҳоро ба забони математикӣ ифода кардан мумкин нест. Вале тадқиқоти қисми онҳо, ки ба ёфтани қимати калонтарин ва хурдтарини функсия вобастаанд, бо методҳои таҳлили математикӣ имконпазир аст.
Инобат ШариФова,
омӯзгори математикаи
мактаби №48,
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр