Нашрияи Омӯзгор

Воситаи муассири омӯзиши адабиёт

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Маълум, ки кори берун аз синф аз кори  берун аз  муассисаи  таълимӣ фарқ дорад. Масалан, дар синф, дар дохили муассиса доир ба адабиёт  чорабиниҳои зиёд, аз қабили  хониши  берун аз синф, хониши мустақилона, мубоҳиса,  конфронси  хонандагон,  викторинаҳои  адабӣ, шабнишиниҳо ва ҷашнҳо гузаронида мешаванд. Тамошои осорхонаҳо, театр, кино, сайри гули лола, иштирок дар ҷашнҳои  миллӣ (Наврӯз, Рӯзи  Истиқлолият, Рӯзи Ваҳдат) кори  берун аз мактаб ба ҳисоб меравад.

Пас аз тамошои ҷойҳои марбут ба ҷашнҳо хонандагон ба мактаб омада, фикру андешаҳои  хешро  ба воситаи  суҳбат,  саволу ҷавоб ва навиштаҷоти худ баён намуда, бо ҳам баҳсу мунозира менамоянд.

Корҳои берун аз синф ва берун  аз мактаб оид ба адабиёт бисёранд ва ҳар  кадоме усулу тарзи  гузаронидани  худро  дорад, ки дар ин ҷо баъзеи  онҳоро мавриди  муҳокима қарор медиҳем.

Яке аз намудҳои  асосии  корҳои  беруназсинфию беруназмактабӣ  хониши берун  аз синф  мебошад. Ҳар як муаллим  бояд дар аввали  соли  таҳсил  бо барномаи  таълим  ошно шуда, ҳаҷм ва миқдори  асарҳои  мехондагии хонандагонро муайян кунад. Ба  китобхона ҳамкорӣ кардан ва узви  доимии  китобхонаи  мактаб  шуданро ба хонандагон  талқин намояд. Муаллим метавонад бо ин  роҳ дараҷаи  дониш,  майлу рағбати хонанда, инчунин, дар китобхонаи мактаб мавҷуд будани  асарҳои  бадеиро  ба назар гирифта, рӯйхати асарҳои  хониши  берун аз синфро тартиб диҳад  ва онро пурра намояд.

Мақсади хониши берун аз синф он аст, ки  шавқу ҳаваси  хонандагонро  ба бештар хондани  асарҳои  бадеӣ бедор намояд, дар назари  онҳо ҷаҳони  беканори  бадеиятро  ба  ҷилва орад.

Шакли дигари  корҳои  беруназсинфӣ  ташкил  намудани маҳфилҳост. Маҳфилҳо ба хонандагон  барои аз худ кардани  дониш ёрии  калон расонда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ  вомедорад. Байни онҳо дӯстию рафоқатро  мустаҳкам  гардонида, интизомашонро беҳтар  менамоянд. Барои фанни адабиёт асосан се намуди  маҳфил хос аст:

1. Маҳфили адабию эҷодӣ;

2. Маҳфили хониши бурро;

3. Маҳфили  драмавӣ.

Барои хубтар ба роҳ мондани чунин маҳфилҳо бояд муаллими адабиёт ба барномаи  таълимӣ такя намояд.

Дар баланд бардоштани  ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии хонандагон саёҳати  адабӣ  низ бетаъсир  нахоҳад монд. Яке аз намудҳои асосии саёҳат  тамошои осорхонаҳо ба ҳисоб меравад. Барои  ҳадафгирона гузаштани  саёҳат муаллимро лозим аст, ки ба он тайёрии хуб бинад.

 

Моҳшариф ҚАЛАНДАРОВА,

омӯзгори мактаби №86-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш