Нашрияи Омӯзгор

Хобгоҳи №6-и дмт - беҳтарин

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба  муносибати Соли ҷавонон бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе озмуни умумишаҳрии «Хобгоҳи беҳтарини пойтахт» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар рафти боздид аз хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар пойтахт воқеъбуда намояндагони раёсати мазкур ва масъулини чорабинӣ ба шароити хобгоҳҳои ДМТ, аз ҷумла, хобгоҳи №6-и донишгоҳ баҳои баланд доданд.  Дар ҷамъбасти озмун, ки 27-уми декабр дар толори мактаби  №100-и пойтахт доир шуд, ҷойи аввал ба хобгоҳи №6-и ДМТ дода шуд. Ба ин муносибат аз ҷониби роҳбарияти озмун ба муовини ректори ДМТ оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт Н.Собирзода «Диплом»-и ҷойи аввал ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш