Дар домани кӯҳе дар як деҳаяки нообод марди нобиное бо ягона духтари гулрӯяш мезист. Ҳанӯз вақти таваллуди ин паричеҳра модар аз дунё гузашту падар бар асари ин зарбаи сахти ҳаёт нобино шуд. Духтарак дар чорсӯи зиндагӣ бо падар танҳо монд.
Падар духтарчаашро дар оғӯши меҳр ба камол мерасонд.
Духтарча ба шашсолагӣ расиду пайваста аз падараш модарашро пурсон шуд.
- Падарҷон, кай чашмонатон мебинанд? Модарам куҷо рафтанд?
Падар дар ҷавоби ин суолҳо оҷизӣ мекашид. Ӯ хуб медонист, ки духтараш ба камол расад, ин ҳамаро худаш дармеёбад.
Дар ҳамсоягии онҳо зане бо писараки эркааш рӯз мегузаронд. Пиразан пайваста заҳмат мекашид ва писараки ноуҳдабарояшро нигоҳубин мекард. Аз назди ҳавлии онҳо ҷӯйчаяке ҷорӣ буд ва модару писар ба он ҳар гуна партовҳоро мепартофтанд. Писарак, ки аз падар маҳрум мондаву дар тарбияи модар буд, ба суханони модар гӯш намедоду тарсончак ба воя мерасид.
Духтарак ҳар субҳу шом канори ҷӯйчаи назди ҳавлиашон омада, ба он рози дил мегуфт. Ӯ бар асари боду ҳавои деҳа ва чашмаҳои мусаффояш солиму боқувват ба камол мерасид. Духтарчаро падар Парӣ ном ниҳод, сокинони деҳа «Парии обӣ» ном мегирифтандаш. Субҳгоҳон, вақте ки мӯйсафедони деҳа ба масҷид мерафтанд, медиданд, ки «Парича» аллакай он ҷо, яъне дар лаби ҷӯйча нишаста, суҳбате дорад. Аҷибаш он буд, ки касе ба ӯ кордор намешуд. Ҳар хоҳише, ки «Парича» мекард, ҳатман аз тарафи ҷӯйча иҷро мешуд. Сокинони деҳа ба «Парича»-и ба камол расида дуои нек медоданд. Парӣ бо об ҳарф мезад. Ҷӯйча ҳамаи хоҳишҳои ӯро иҷро мекард. Ӯ то нимаи шаб назди назди ҷӯйча менишасту рози дил ифшо мекард. Бомдод ҳамаи хоҳишҳояшро иҷрошуда медиду меболид, яъне: ягон ҷойи деҳаашонро ободтар мешуд, харобазоре кабудизор мегардид ва беморе шифо меёфт.
Парӣ ба мардуми деҳааш таъкид мекард, ки ҳеҷ вақт ба оби ҷӯйча ифлосиҳоро напартоянд.
Фақат ҳамсоябача хилофи ҳамаи гуфтаҳои Парӣ амал мекард. Ба ҷӯйча ҳама гуна ифлосиҳоро мепартофту оби онро ифлос мекард ва боиси нобудшавии ҷонваракони обӣ мегардид. Аз ин ҳолат ҷӯйча дар ғазаб мешуд.
Аз ин ҳама Парӣ хеле ошуфта шуда, назди падар омад ва аз ӯ маслиҳат пурсид. Бомдод Парича бо маслиҳати падар хонаи ҳамсояписар омад.
- Ман, - гуфт Парӣ, - ҳарчанд аз шумо хурдам, гуфтаниам, ки об ганҷина, сарвати бузургу бебаҳо аст. Онро ҳама бояд тоза нигоҳ дорем.
Ҳамсояписар ба суханони ӯ аҳамият надода, гуфт:
- Ҷодугардухтар, бо ҳамсоя-ҳоят ба зидди мо «шӯриш» набардор! Вагарна ту ва падари «қорӣ»-атро аз деҳа пеш мекунам.
Модару писар Париро аз хонаашон ронданд.
Парӣ бо дили пуралам назди падари бузургвораш омад ва зор – зор гирист.
Падар таҳаммул карда натавонисту ба Парӣ иҷозат дод, то ҳамаи инро рафта ба ҷӯйча ифшо созад, шояд ба ин восита дилаш таскин ёбаду ҷӯйча ба дардаш «дармон» бубахшад. Парӣ аз гуфтаҳои падар неру гирифта, ба лаби ҷӯйча омад…
Ҷӯйча аз қаҳр танҳо як рӯз обашро қатъ кард. Дар ягон ҷойи деҳа (ғайр аз манзили Парӣ) об набуд. Ҳама аз ин ҳолати ногаҳонӣ дар фасли гармо ба изтироб афтоданд. Он рӯз аҳли деҳа, ҳатто худи ҳасоябача бо модараш аз хонаи Парӣ об мекашонданд. Ҳар қадар мардум обро ба хонаҳояшон мебурданд, кам намешуд. Ин муъҷиза буд! Лекин Парӣ шомгоҳон ба лаби ҷӯйча омада, хоҳиш намуд, ки обашро ба ҳама арзонӣ дорад, чун пештар.
Ҷӯйча хурӯшид ва гуфт:
- Эй Парии некбин, майлаш, ин хоҳишатро низ иҷро мекунам, аммо ту фақат ба ман росташро бигӯ, ки дар дилат чӣ сир дорӣ?
Парӣ зуд гуфт:
- Ман чашмони нобинои падарамро бино дидан мехоҳаму халос.
Ин лаҳза ҷӯйча бонги баланде баровард ва ду қатра оби мусаффояшро ба кафи дастони «Парии обӣ» вогузошт. Он ду қатра об дар дили шаб ҳамчун зумуррад нурпошӣ мекард. Мардуми деҳа ба тамошои ин манзараи дилфиреб аз манзилҳояшон берун шуда буданд. Ҳама ба Парӣ бо хушҳолӣ мегуфтанд:
- Эй шоҳзодаи зебо, зудтар назди падарат рав. Ин қатраҳои оби муъҷизакорро ба чашмони ӯ молиш деҳ.
Парӣ зуд назди падар омада, ин амалро иҷро намуд. Падар ҳамон лаҳза, гӯё аз хоб бедор шуда бошад, ба духтараш рӯ оварда гуфт:
- Духтарам, хоҳиши ту фақат бино дидани чашмони ман буд?
- Бале, падарҷони азизам!!!
- Оҳ. Духтарам, Парии ҳақиқии обиам!
Падару духтар якдигарро оғӯш гирифта, хушҳолӣ карданд.
Дар ин ҳангом доду фиғони ҳамдеҳагон ба фалак печид, зеро ҷӯяке, ки дар ҳамсоягии хонаи Парӣ буд, якбора фурӯ рафта, аз хонадони ҳамсоязану писараш асаре намондааст.
Мастура Бобиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №61-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр