Нашрияи Омӯзгор

Меҳргон ва меҳрпарастӣ

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

Дар тақвими ниёгони ориёии мо баъд аз Наврӯз ҷашни Меҳргон дуюмин ҷашни суннатӣ ва миллӣ ба шумор меравад, ки он ҳар сол баъди бардоштани ҳосили дастранҷи кишоварзон дар рӯзи таодули тирамоҳӣ таҷлил мегардад.

Агар сабабҳои ба вуҷуд омадани ин ду ҷашни муборакро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳем, ба хубӣ маълум хоҳад шуд, ки ҳар ду иди миллии мо – Наврӯзу Меҳргон реша ба даврони асотирӣ ва ҳамосаҳои таърихи дури аҷдодӣ доранд. Масалан, мувофиқи маълумоти Табарӣ ва Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мардум пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морон (Адҷи Даҳака)-ро, ки рамзи зулму залолат ва беадолатию нобасомонӣ мебошад, воқеаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоию сиёсӣ арзёбӣ намуда, онро бо шодию сурур ҷашн мегирифтанд.

Ба ибораи дигар, як нафар шаҳриёри эронӣ аз беадолатиҳое, ки як нафар ғосиби хориҷӣ, ки бо фиребу найранг зимоми ҳукуматро ба даст оварда буд, дастгир намуда, мувофиқи маълумоти маъхазҳо дар кӯҳи Дамованд ба банд кашид. Кӯҳи Дамованд рамзест аз Албурзи асотирӣ, ки дар Авесто бо номи Ҳеро Березайтӣ омадааст ва он муодили кӯҳи Қофи асрҳои миёна аст, ки дигар аз он ҷо берун омадан амри муҳол буд.  Ин ҳодисае буда,  ки дар аҳди қадим, дар таърихи кишварашон ҷой дошта ва он дар таърихи адабиёту фарҳангамон низ тасвир шудааст. Дар ин бора дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ,  «Осор-ул-бокия»-и Берунӣ, «Таърихи Табарӣ», «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва ғайра иттилооти муфассал дода шудааст. Дар адабиёти бадеӣ Заҳҳоки морбардӯш бо тасвирҳои аҷибу ғариб ҳамчун образи манфӣ ва шаҳриёри манфури хориҷӣ тасвир шудааст.

Муаррихи юнонӣ Страбон навишта, ки порсҳо Офтобро бо номи «Митрас» мешиносанд ва онро ситоиш мекунанд. Пури Довуд монандии Меҳру Хуршедро чунин тасвир карда: Хуршеде, ки ба воситаи нурҳои худ ҷаҳонро равшан хоҳад кард, ба воситаи ҳарорати худ ҷонварон ва инсонро назҷ медиҳад, Меҳр номида мешавад. Маълумоти Ксенофонт ва Плутарх дар бораи ҷашни Меҳргон пурарзиштар ба назар мерасад. Онҳо қайд намудаанд, ки ба ҷуз ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Шарқ ҳар сол таҷлил мегардид, ба номи худои Меҳр шоҳону шаҳриёрони сулолаҳои шоҳии аҳди қадим савганд ёд мекарданд ва онро Худованди аҳду паймон мешумориданд.

Пас, асли баромади ҷашни Меҳргон ва мабнои он оини меҳрпарастӣ аст. Он қабл аз дини зардуштӣ дар байни ниёгони ориёии мо парастида мешуд. Он аввалин Худои заминиест, ки бо чеҳраи фурӯзанда дар рӯи сахрасанге зода шудааст. Баъди арзи вуҷуд намудани авлоди башар меҳр нақши заминии худро иҷрошуда пиндошта, ба фарози осмон сафар кард ва аз баландии кӯҳи Ҳеро Березайтии афсонавӣ нигаҳбонии саросари сарзамини ориёӣ  (Airanavaejah)-ро, ки аз  16 минтақа иборат буд, анҷом медод.

Дар катибаҳо ба Меҳр танҳо панҷ бор муроҷиат шудааст, вале маъхазҳо доир ба он бештар шаҳодат медиҳанд. Он дар заминаи ташаккули дини маздоии куҳан боварҳои оинии худро ҳамчун идомаи мантиқии оини маздоӣ созмон додааст, маънои истилоҳии он ҳофизи аҳду паймон ва нигаҳбони олами моддӣ мебошад. Вале минбаъд меҳрпарастӣ вобаста бо тағйироти иқтисодиву иҷтимоӣ маъниҳои тоза ба худ касб карда, ба Хуршеду оташ ҳамбастагӣ ва ҳамрангӣ пайдо кардааст. Масалан, қурси Хуршедро ҳамон ҳалқаи гирде таъбир мекунанд, ки ҳамаи ҳамсарон ҳангоми издивоҷ ба ангушти якдигар меандозанд ва ба забони қалби ошиқӣ ба якдигар меҳр меварзанд, ин мазҳари аҳду паймон аст.

Ҳамчунин эзиди Меҳр чунин ҳалқаро ба шаҳриёрони замон, ки зимоми ҳукуматиро дар даст доштанд, низ раво медид, ки он ҳокӣ ва меҳри шоҳон ба раият ва ҳалқаи пайванди шаҳриёрон бо мардуми миллаташ буд. Ҳаким Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба ин масъала навиштааст, ки «ангушти бузургон бо ангуштарӣ чун мардест бо илм ва ангуштари мард ангуштро чун илм аст мардумонро» ва барои мулукон «ангуштарӣ вилоят аст ва нигин султони вай, теғу қалам ходимони ангуштарини мулуканд».

Дар забони форсӣ-тоҷикӣ номи эзиди меҳрпарастӣ Меҳр, дар забони авестоӣ Мисра, дар Ведаҳои ҳиндӣ Митра омадааст. Чун дар аҳди қадим эрониёну ҳиндуён зиндагии муштарак доштанд, Меҳр бо номи Митра яке аз худоёни муштараки ҳиндуэронӣ ба шумор меравад. Пайдоиши оини меҳрпарастӣ таҷрибаи дар асрҳои 20-18-и то милод дар ҳаволии рӯдхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили онҳо мебошад. Дар катибаҳои нахус-тин тамаддунҳои Бобулию Ошурӣ ва аккодию иломӣ, ки шаҳриёрони онҳо бо ҳам муоҳида мебастанд. Савганд ба номи эзиди Меҳр ҳамчун Худои аҳду паймон ба назар мерасад. Дар солномаҳои шаҳриёрони ҳахоманишӣ низ савганд ба номи Меҳрро дар муоҳидаҳои байни ҳукумати марказӣ ва сатрапҳо (вилоятҳои қаламрави ҳукумати мар-казӣ) мавҷуданд.

Моҳиятан боварҳои оинии меҳрпарастӣ аз ду бахш иборат аст. Бахши аввали он ҳамон ҳофизу нигаҳбони олами моддӣ будани он аст, ки бо гармии анвораш табиатро борвар мекунад, майдонҳои фарохи кишоварзиро неъмату баракат мебахшад, то аз онҳо ҳосили фаровон рӯёнида шавад, обро аз осмон ба сӯи замин ҷорӣ менамояд, ки сабаби рушди гиёҳу растанӣ ва дарахтон гардад,  ҳофизи галаву рама дар рӯи замин аст.

Бахши дуюми он бештар ҷанбаи фарҳангию маърифатӣ дорад. Масалан, дар ин оин рамзи куштани гов тавассути Меҳр ҷой дорад, ки онро муҳаққиқон баробар бо куштани нафси аммора дар инсон арзёбӣ кардаанд.

Меҳрпарастӣ бо суръати тамом дар саросари қаламрави Осиёи Сағир, Байнаннаҳрайн, Юнону Рим паҳн гардид. Аҳолии Киликияи Юнон, сарбозони Помпеи Рим ба меҳрпарастӣ (митраизм) гароида буданд. Дар замони Искандари Мақдунӣ оини Меҳр дар канораҳои Иония роҳ ёфт ва то сарзаминҳои соҳили баҳри Эгей интишор ёфт.

Дар солҳои 60-и мелодӣ императори Рим Нерон ба оини меҳрпарастӣ гароид, дар замони император Аврелиан ва Диктилиан Мит-ра (Меҳр) Худои аввал ва бузурги Рим шинохта шуд. Диктилиан маъбади бузурге дар Рим сохт. Император Константин қабл аз қабули масеҳият пайрави оини Меҳр буд. Баъди ҷангҳои Помпеӣ дар саросари Италия мит-раизм ҳамчун дини расмӣ қабул шуда буд. Олими Фаронсавӣ Франс Куманд густариши оини меҳрпарастӣ дар ҷаҳони лотинро мавриди таҳқиқ қарор дода, масири асосии густаришу инкишофи он ба сарзамини ғарбро нишон додааст.

Мувофиқи маълумоти ӯ аз баҳри Сиёҳ то кӯҳҳои Скотланд ва марзҳои саҳрои бузург, аз саросари марзҳои Рим то сарзаминҳои қаламрави империяи Рим дар ғарб,  дар сарзамини густурдаи он рӯзгор, ки дорои тамаддуну фарҳанги Осиёиву Урупоӣ буданд, нақши оини меҳрпарастӣ ба таври бориз намоён аст.

Хушбахтона, баъди ба даст овардани истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни суннатӣ мақоми ҷашни миллиро гирифт ва чандин сол аст, ки онро аҳолии Тоҷикистон бо сарфарозию фараҳмандӣ таҷлил менамоянд.

 

Ширин

ИСМАТУЛЛОЗОДА,

директори коллеҷи омӯзгории ба номи

Хосият Махсумова


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш