Омӯзгори соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи Тоҷикистон Абдуқодир Олимов 30 сол боз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и ноҳияи Панҷ аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ ба шогирдон дарс мегӯяд. Дарсҳояшро бо маҳорати баланди касбӣ ва воситаҳои аёнӣ гузаронида, шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия мекунад. Бо ташаббуси ӯ соли 2011 дар мактаби мазкур осорхона таъсис ёфт, ки айни ҳол дар он зиёда аз 900 номгӯи ашёи таърихӣ маҳфуз мебошад. Аз ҷумла, нигораҳои таърихи асри санг, маҷмӯи олоти шикорӣ, ресандагию бофандагӣ, зарфҳои кулолию мисин ва нуқрагин, кашидадӯзиҳо, сикаҳои таърихӣ, либосҳои миллии қадима, дастхати китобҳои қадима ва олоти мусиқӣ ба осорхона шукӯҳи хоса бахшидааст. Осорхона на танҳо дар ноҳия, балки дар минтақаи Хатлон низ шуҳрат пайдо кардааст. Ин аст, ки бештари чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар ҳамин мактаб баргузор мешаванд. Абдуқодир Олимов худро хушбахт медонад, зеро хонандагони зиёд аз осорхона боздид ба амал оварда, бевосита бо маводи он ошноӣ пайдо мекунанд, ки дар ташаккули фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ ва баланд бардоштани дониш ва рӯҳияи миллию худшиносии онҳо нақши муассир мегузорад.
Шералӣ ғоибзода,
омӯзгори мактаби №27,
ноҳияи Панҷ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр