Яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Неругоҳ аз нигоҳи иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиати зиёде меоварад ва барои ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ фоидаовар аст.
Баъд аз ба истифода супоридани агрегати якуми неругоҳ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар саросари ҷумҳурии азизамон норасоии барқ аз байн рафт.
Мактаби бузурги сохтмончиёни НБО Роғун мояи ифтихори насли ҷавони имрӯз аст. Бо сохтани чунин неругоҳҳо як насли комилан муваффақи коргарону муҳандисон ба воя мерасанд, ки дар пешбурди масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар оянда нақши бузургеро иҷро карда метавонанд.
Неругоҳи барқи обии Роғун барои наврасон ба як майдони воқеии пайравӣ аз корнамоиҳои сохтмончиён гардидааст.
Баъд аз ба истифода қарор додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки аз тариқи каналҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, ҳамаи сокинони Ватани азизи моро рӯҳияи ифтихор фаро гирифт.
Рӯзи дигари ин воқеа, вақте ба синф даромадам, шогирдони зиёд ба ман дар бораи Неругоҳи барқи обии Роғун ва суханронии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва он чӣ ки дидаанд, саволҳои зиёд доданд ва ман ба онҳо ҷавобҳои зарурӣ додам.
Вобаста ба мавзӯи «Об ва нақши он дар табиат ва рӯзгори мо» як соати дарси фанни табиатшиносиро дар синфи 2 бо чунин саволгузориҳо баргузор намудам, ки барои хонандагон хеле муфид буд.
Ман ба шогирдон чунин саволҳоро пешниҳод карда, дар тахтаи синф навиштам:
1.Мо дар рӯшноӣ чиро мебинем?
2.Дар торикӣ мо ягон чизро дида метавонем?
3.Барқ аз чӣ истеҳсол мешавад?
4.Неругоҳи барқи обии Роғунро чӣ ба кор медарорад?
5.Нақши об дар ҳаёти мо чӣ гуна аст?
Хонандагон дар дарс ба 5 гурӯҳ ҷудо шуда буданд ва ба ҳар гурӯҳ ин саволҳо пешниҳод карда шуд. Аҳли гурӯҳҳо ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои хуб доданд. Баъд аз ҷавобҳои шогирдон ман ба онҳо бори дигар аз моҳияти сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун сухан гуфтам ва андешаҳои шогирдонро тақвият бахшидам.
Дар ҳақиқат, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун на танҳо мамлакати моро нурафшон мекунад ва корхонаҳои зиёдро ба кор медарорад, балки хонаву мактабу дилҳои моро мунаввар мегардонад.
Сурайё Отахонова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №60-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр