Нашрияи Омӯзгор

Номбардори Ватани азизи хеш бошем

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд: «Мо масъалаҳои ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии ду халқи бародар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳои миёни ходимони фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро баррасӣ намудем». 

Маҳз татбиқи амалии ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ман – як духтари одии деҳотӣ, хатмкардаи мактаби №12-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар Академияи олии тиббии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоям. Таҳсил берун аз ватан ва дур аз падару модару наздикон мушкил аст, дилам ба ёди волидайну дӯстон ва устодону ҳамсинфон гум мезанад, вале ифтихор дорам, ки ман аввалин ва ягона духтари мастчоҳӣ ҳастам, ки бо шарофати сиёсати пурфайзи сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоям. Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандону донишҷӯёни берун аз кишвар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда, дар ҳамаи масоил ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Сафири муҳтарами мо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имоми Содиқ аз ҳоли мо-донишҷӯён пайваста бохабар мешавад ва таъкид мекунад, ки шумо, донишҷӯён, намояндаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ҷумҳурии дигар маҳсуб меёбед, аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки бо рафтору таҳсили худ намунаи ибрат ва номбардори ватани азизи хеш бошед.

Имрӯзҳо дар тамоми кишвари азизи мо барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои наҷиб амалӣ мешаванд, корҳои созандагию бунёдкорӣ ривоҷ меёбанд.  Бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ бо дили гарму азми қавӣ ташаббусҳои созандагиро дастгирию пайравӣ намуда, ҳар яке бо қадри имкону тавон дар ободии диёри худ саҳм мегузоранд.

Ман низ   дар қатори дигар  ҳамдиёрони бунёдкори худ аз ҳисоби маблағҳои стипендияи Президентӣ, ки ба гирифтани он ҳангоми таҳсил дар синфи 11 мушарраф шуда будам ва бо дастгирии падари азизам, ки худ низ дастпарвари мактаби №12 мебошанд, маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимиро, ки солҳо боз нообод ва зери барфу борон буд, аз таъмири куллӣ баровардем, ки он дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бо зикри  ин нукта мехоҳам бигӯям, ки ин ҳама ободиҳо, хурсандиҳо, дастовардҳои соҳаҳои мухталиф аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо, насли даврони истиқлол, бояд ба қадри ин неъматҳои бузург бирасем.

Ҳангомаи АЗИЗЗОДА,

донишҷӯи Академияи

тиббии шаҳри Тошканд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш