Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбари ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо вазифадоранд, ки дар рушду инкишофи ҳаёти ҷомеа ҳиссагузорӣ намуда, баҳри пойдор намудани ҷомеаи демократӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.Ҷавонони имрӯза озодона аз илмҳои замона, техникаи муосир истифода мебаранд. Имрӯз теъдоди зиёди онҳо дар идораҳои давлатӣ кор ва фаъолият мекунанд. Ҷавонон ояндаи миллатанд. Онҳо бояд дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандорӣ, ҳимоя ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба воя расанд. Нангу номуси ватандорӣ дар онҳо фаъол бояд бошад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонон дар ҳама гуна давру замон бунёдкору созанда буданд ва мемонанд. Меҳнати фидокоронаи ҷавонон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (хоҳ дар фронт, хоҳ дар ақибгоҳ) барои ғалаба омили муҳим гардид. Дар сохтмонҳои бузурги ҷумҳурӣ НБО-и Норак, Бойғозӣ, Роғун ҷавонон саҳми барҷаста доранд.
Имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ барои фаъолияти ҷавонон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардааст. Соли 2017 – ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон намуда буданд. Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик берун аз ҷумҳурӣ таҳсил намуда, сатҳи дониши худро баланд мебардоранд.
Ҷавонон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба таври сазовор муаррифӣ намуда парчами ҷумҳуриро баланд бардоранд.
Мутаассифона, имрӯз ҷавононе низ ҳастанд, ки ба корҳои номатлуб, ба авбошӣ даст мезананд. Баъзе ҷавонон аз таҳсил дур шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мегараванд. Ҳамагон бояд ин гуна ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ боздорему дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Робия БОБОЕВА,
омӯзгори таърих ва
асосҳои давлат ва ҳуқуқ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр