Нашрияи Омӯзгор

Саломатӣ - неъмати бебаҳо

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе қубурҳои гармигузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъмир шуда, биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо оби гарм таъминанд. Аммо мушоҳида мегардад, ки боз ҳам бачаҳо сармо мехӯранд. Сабаб истифодаи оби хунук ва ё ғизои хунуки ба истилоҳ тезтайёр аст, ки бачаҳо дӯст медоранд. Падару модарон бояд дар хотир дошта бошанд, ки вақте бача бемор шуд, низоми донишазхудкунияш заиф мешавад. Фикр мекунем, дар ин маврид ҳам роҳи ҳалли мушкил аст. Ҳамкории зич бо падару модар, ҳадафмандона баргузор намудани дарс ва чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ аз муҳимтарин омилҳоеанд, ки дар пешгирии бемориҳои бачагона таъсир гузошта метавонанд. Омӯзгороне ҳам ёфт мешаванд, ки ба ин ҷиҳат камтаваҷҷуҳӣ мекунанд ва ин масъулиятро пурра бар дӯши падару модар ё роҳбари синф бор мекунанд. Ҳол он ки ҳифзи сиҳатии шогирдон заминаи асосии ҷомеаи солим маҳсуб ёфта, аз ҳар кадоми мо масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад.

Маълум аст, ки ҳамкории асосӣ бо мактаб аксаран бо модарон сурат мегирад. Таҷрибаи зиёди кор маро водор менамояд, ки дар чунин ҳолатҳо тез-тез бо модарон вохӯрам, суҳбатҳо ташкил намоям ва агар имкони вохӯдан пайдо нашавад, ба онҳо таъкидҳои хаттӣ ирсол намоям. Дар синф шиорҳои гуногунро барои ҳифзи саломатӣ овезон мекунам ва азёди онҳоро ба шогирдон супориш медиҳам. Ҳангоми баргузории маҷлисҳои синфӣ чунин шиорҳоро барои падару модарон нисбат дода менависам. Таъкид мекунам, ки ба либоспӯшии фарзандон ва ғизои онҳо аҳамияти бештар диҳанд. Мебинам, ки чунин тадбирҳо таъсири хуб мерасонанд.

 

Розия АЛИМОВА,

 омӯзгори мактаби №60, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш