Ҳамасола мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон Паёми навбатии Пешвои муҳтарами миллатро ба Маҷлиси Олӣ бо диққату таваҷҷуҳи махсус мешунаванд ва онро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор медиҳанд.
Паёми Сарвари кишвар маъмулан муҳимтарину мондагортарин рӯйдодҳои ҳарсоларо тавзеҳ бахшида, вазифаҳои асосии аҳли кишварро дар соли навин муайян менамояд. Аз ин лиҳоз, Паём як навъ барномаи саҳеҳу дақиқи фаъолияти алоқамандони тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар давоми сол буда, сокинони мамлакатро ба сӯи комёбиҳои тоза ба тоза ҳидоят менамояд. Ҳар Паёми Президенти муҳтарамамон саршор аз ифтихори миллӣ ва меҳру муҳаббат ва Ватани маҳбуб мебошад. Аз Паёми бисёр равшан эҳсос мешавад, ки Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ кишвари азизи хеш, халқи шарафманди онро дӯст медоранду баҳри рушди диёри маҳбуб бо ҷону дил мекӯшанд ва чун ҳар шаҳрванди баору номуси диёр аз шукуфоиву пешравиҳои пайвастаи Тоҷикистон ифтихорманданд. Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Сарвари кишвар бо камоли ифтихор арз доштанд, ки ҷумҳурии азизи мо соли 2018 дар арсаи рушд қадамҳои устувору мондагор гузошт ва ба дастовардҳои шоиста комёб гашт. Диёри арҷманди мо дар татбиқи ҳадафҳои марказиаш қадами устувор ба пеш гузошт. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паём чунин иброз доштанд: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузориши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонда истодаем».
Дар ин самт дар соли 2018 ба истифода додани аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаёти мамлакат ҳодисаи муҳимтарин гардид. Бунёди ин неругоҳи азим, ки ба макони мардонагию шуҷоат ва дӯстию рафоқат табдил ёфтааст, барои мамолики ҳамҷаворамон низ пурманфиат мебошад.
Сарвари кишвар дар Паём аз он ибрози қаноатмандӣ намуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Дар самти расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ низ, ки боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат мегардад, ҷумҳурии мо ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мо, аҳли маориф, аз он ифтихормандем, ки дар тамоми дастовардҳои Ватани азизамон ҳиссаи сазовор дорем, зеро заминаи ҳамаи рушду пешравиҳои соҳаи маориф ва заҳмати рӯзафзуни устодон мебошад.
Замира Давлатова,
омӯзгори химия, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр