Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ва   таҳаввулоти замон

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар ҷаҳони муосир равандҳое ба чашм мерасанд, ки басо нигаронкунанда мебошанд. Дар тазодҳо ҳар гуна қувваҳо мехоҳанд ҷавононро саҳмгузор донанд, вале неруҳои солим бар онанд, ки ҷавонон аз ҳадафҳои муғризона канор бошанд, орӣ аз мухолифатҳо ва бо ҳамон аҳдофи башардӯстона дунёро аз бадиҳо эмин доранд, вале авзои кунунӣ баёнгари он аст, ки неруҳои аҳриманӣ бо ҳар роҳу васила дар фиреби ин қишри ҷомеа то ҷое муваффақ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки агар хонанда аз таълиму тарбия дур монду фазои фарҳангӣ холӣ шуд, хоҳ – нохоҳ ба хотири қонеъ сохтани талаботи моддӣ ва маънавӣ ба сӯйе майл  мекунад.

Имрӯз мактаб вазифаҳои басо бузург-ро ба зимма дорад. Пеш аз ҳама, тарбияи шогирдони сазовору донишманд. Мо бояд истеъдодҳоро кашф кунем, онҳо дар муҳити мактаб даст ба эҷодкорӣ зананд, дар ҳалли  мавзӯъҳое андеша ронанд, ки ба қобилият ва зеҳнияти онҳо такон бахшанд. Он гоҳ худи шогирдон дастовардҳояшонро ба маъраз гузошта метавонанд. Ҳамчунин, дар замони инноватсия тафаккури мактаббачагон хеле пешрав аст. Онҳо аз фанни технологияи инноватсионӣ калиди олами донишҳоро соҳиб мешаванд.  Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба ҷавонон таърихи дирӯзу ҳодисаҳои имрӯзро бо далелу буҳрони қотеъ фаҳмонему шарҳ диҳем.

Хосият Қодирова

омӯзгори синфҳои ибтидоии

 гимназияи рақами 53, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш