Чандин сол қабл аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳру муҳаббат ва ихлосу самимият иброз дошта буданд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии талибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд». Воқеан ҳам, Пешвои миллат нисбат ба омӯзгорон эҳтироми зиёд доранд ва онҳоро «машъалафрӯзи роҳи саодати имрӯзу фардои миллат» медонанд. Дар Паёми навбатӣ (26.12.2018) низ ихсолмандии Пешвои миллат ба аҳли таълиму тарбия бори дигар таҷассум ёфт. Чун дар Паёмҳои ҳамасолаашон ин навбат ҳам Президенти ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, нақши онро дар рушди мамлакат хеле барҷаста арзёбӣ карданд. Сардори давлатамон дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти рӯзафзуни аҳли маориф зикр намуданд, ки ҳанӯз дар ин соҳаи тақдирсоз норасоиҳои ҷиддӣ мавҷуданд ва ин норасоиҳо, пеш аз ҳама, норасоии кадрҳои варзида ва такмилталабии сатҳу сифати таълиму тарбия мебошанд. Вобаста ба ин ҳолат Пешвои миллат дар Паёмашон ба мақомоти дахлдор дастурҳои ҷиддӣ доранд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз такмили фаъолияти соҳаи маориф боз ҳам боло бурдани эътибору шарафи омӯзгорон низ мебошад. Президенти муҳтарам бо эҳтиром нисбат ба омӯзгорон дар Паём иброз доштаанд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста карданд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Яъне Сарвари кишвар дар рушди ҷомеа, пешрафти минбаъдаи мамлакат дар радифи омилҳои дигар ба неруи омӯзгорон, каломи созандаи онҳо ва азму иродаи ватанпарваронаашон эътимоди қавӣ доранд. Ҳамин эътимоди муҳаббат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои некуаҳволии омӯзгорон, ободонии таълимгоҳҳо ва муҷаҳҳазонидани онҳо, бунёди мактабҳои нав ва амсоли инҳо ғамхориҳои пайваста зоҳир карда мешавад ва барои рушди соҳаи маориф маблағҳои зиёд ҷудо мегардад.
Омӯзгорон гули сари сабади ҷомеаанд ва хиради онҳо, сухану дастурашон боиси кушоиши гиреҳҳои рӯзгор мегардад. Арҷгузории аҳли таълиму тарбия эҳтиром ба миллату Ватан аст. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат инъикоси барҷаста ёфтааст ва мо, омӯзгорон, аз ин ифтихормандем.
Гулнора Дилмуратова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр