12-уми декабр соли 2017 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин 12-умин конфронси байналмилалии Институти Конфутсий баргузор гардид. Дар кори он намояндагони марказҳои таълимии Конфутсий аз 140 давлати дунё, ки беш аз 2500 нафарро ташкил медод, иштирок намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти конфронс дар самтҳои «Институти беҳтарини Конфутсийи соли 2017», «Муаллими беҳтарини Институти Конфутсий дар соли 2017», «Беҳтарин корманди корпуси мақомоти иҷроия» ва «Институти беҳтарини Конфутсий дар самти озмоиши имтиҳони HSK дар хориҷа» (HSK – яке аз намудҳои санҷиш) ба масъулин ва муаллимони беҳтарини муассисаҳои таълимӣ мукофот дода шуд.
Аз Маркази таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ чанде аз омӯзгорони марказ бо роҳбарони сохторҳои дахлдори донишгоҳ иштирок намуда, дар ду самт - Маркази таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ - «Институти беҳтарини Конфутсий дар самти озмоиши имтиҳони HSK дар хориҷа» ва муаллимаи марказ – Ван Хуэй Ҷуэн - «Муаллими беҳтарини Институти Конфутсий дар соли 2017» ғолиб дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба ғолиби «Институти беҳтарини Конфутсий дар самти озмоиши имтиҳони HSK дар хориҷа» танҳо 20 маркази таълимӣ ва ба ғолиби «Муаллими беҳтарини Институти Конфутсий дар соли 2017» танҳо 5 муаллими маркази таълимӣ мушарраф гаштанд.
Н.Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр