Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаи нави забономӯзӣ

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Ҳар чӣ бештар омӯхтани  забонҳо барои  такомули  маънавияти  шахс ва афзудани  имконоти  иҷтимоию  иқтисодии  ӯ мусоидат  мекунад. Донистани забонҳои  хориҷӣ мақоми  ҳар фардро  дар ҷомеа  боло мебарад, доираи  омӯзишу муошираташро  васеъ  менамояд. Мақоли  «Забон  донӣ – ҷаҳон донӣ» аз ҳамин  маъно  маншаъ  мегирад. Дар замони мо   вобаста ба  соҳибистиқлол гардидани  ҷумҳурӣ ва густариши робитаҳо  бо мамлакатҳои   хориҷӣ аҳамияти  забондонию  забономӯзӣ  боз ҳам  афзудааст. Бо ибтикори  Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти омӯзиши забонҳои  хориҷӣ  дар мактабҳои  кишвар як силсила тадбирҳои  муҳим ва ҳидоятгар андешидаву роҳандозӣ  карда шудаанд. Яке аз тадбирҳои  муҳим аз ин хусус Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  такмили  таълим  ва омӯзиши  забонҳои  русиву англисӣ  мебошад, ки ҳанӯз соли 2003 ба имзо  расида буд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри  соли 2018 ироа шуд,  Президенти мамлакат ба фармони мазкур  ишора карда, изҳори  ташвиш намуданд, ки  бинобар  нишондодҳои  хулосавӣ натиҷаҳо вобаста  ба ин  масъала  чандон қаноатбахш  нестанд. Пешвои миллат  таъкид карданд: «Агар мо хоҳем, ки бо  ҷомеаи  пешрафтаи  башар баробар  қадам  гузорем, бояд ба ин  масъала (забономӯзӣ) эътибори ҷиддӣ  диҳем».

Пас аз таҳлилу  баррасии огаҳмандонаи  вазъи забономӯзии  насли наврас дар таълимгоҳҳои  мамлакат Сарвари кишвар чунин дастури муҳим доданд: «Ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди  иқтисод ва савдо, Академияи  илмҳо супориш дода мешавад, ки  дар нимсолаи  аввали  соли 2019 барномаи нави такмили  таълими  забонҳои  русӣ  ва англисиро  барои давраи  то соли  2030 таҳия ва пешниҳод намоянд». Пешвои миллат дар Паём пас аз тавзеҳу ташреҳи  ин масъала, ҳамчунин, таъкид карданд, ки  «мо ин корро барои  худамон,  яъне  ба хотири  баланд бардоштани  сатҳи  маърифат  ва  тавсеаи  ҷаҳонбинии наврасону  ҷавонон кишвар мекунем, на ба  мақсади дигар».

Нуктаҳои  мазкур, ки дар Паёми  навбатии  Президенти ҷумҳурӣ оварда шуданд, боз як  иқдоми  муҳиму  маърифатпарварона, боз як далели  ғамхории Пешвои миллат нисбат  ба ҷавонон ва ояндаи онҳо буда, бешубҳа, марҳилаи  наверо  дар омӯзиши забонҳои  хориҷӣ, махсусан, забонҳои  русию англисӣ ифтитоҳ менамоянд. Дар ин марҳила омӯзгорони забонҳои хориҷӣ бояд ҳар чӣ  бештар фаъолу кӯшо бошанд.

Насиба Аҳророва,

омӯзгори забони русӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш