Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун самтбахшандаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба сифати роҳнамо барои кулли сокинони кишвар арзишу аҳамият дорад.
Нуқтаи муҳим дар Паём сиёсати байналхалқиву сулҳу суботи минтақаву ҷаҳон буд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо халқи худ, балки дар доираи мушаххас халқҳои сайёраро ба сулҳу ваҳдат даъват карданд. Мантиқи Паём дар маҷмӯъ вобаста ба ин масъала он буд, ки шукр мо сулҳи худро ба даст овардаему онро ҳифз мекунем, аммо ин гуна сулҳро дар тамоми рӯи сайёра дидан мехоҳем. Ҳифзи сулҳ барои тоҷикон вазифаи муқаддас аст. Геополитикаи ҷаҳонӣ асрҳо боз дар атрофи Осиёи Марказӣ тор танидан мехоҳад, ки Тоҷикистон дар саргаҳи он қарор дорад. Андаке ғафлату ҷаҳолат кифоят мекунад, ки кишвари мо дар як они воҳид ба маркази ташаннуҷ табдил ёбад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду таҷрибаи давлатдорияшон ҳамаи хатарҳои глобалиро дарк менамоянду таҳлилу ташхис карда метавонанд. Оҳанги ҳушдор ба ҳар як шахси заковатманд ишора аз он менамояд, ки мо бояд ғофилу бетафовут набошем. Дар ҳақиқат, ҷаҳони имрӯзаро на сиёсати ғосибонаи ошкор, балки сиёсати махсус дар шабаҳи тероризму экстремизм идора кардан мехоҳад. Экстремизму терроризм дар паси пардаҳо ҷонибдорону омилони худро доранд, ки махсус тарҳрезӣ мегарданду бо истифода аз ҷаҳолати баъзе афрод амалӣ мешаванд. Ин хатар ба тамоми мамолики ҷаҳон таҳдид дорад ва касе набояд нисбат ба ин масъала бефарқу бетафовут бошад.
Роҳбари давлат чун як сиёсатмадори шинохта сарчашмаҳои инкишофи ин хатарҳоро дар суханронии худ таъкид намуданд: «Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад». Аз назари Пешвои миллат дар ин масъала ягон ҷузъиёт дур намемонад. Маълум аст, ки Тоҷикистон сарҳади тӯлоние бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон дорад. Яъне тавассути ин сарҳад эҳтимолияти интиқоли маводи мухаддир ҳамеша вуҷуд дорад. Ҷои инкор нест, ки маблағҳои он дар роҳи боз ҳам ноором гардонидани минтақаву ҷаҳон сарф мегарданд. Ҳамин буд, ки як навъ роҳи ҳалли масъала бо ин зуҳуроти номатлуб баён гардид: «Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад».
Роҳбари давлати Тоҷикистон бо хайрандешиву сулҳдӯстиву сулҳхоҳӣ машҳури сайёра гардидаанд. Он чизеро, ки қариб ду даҳсола қабл таъкид намуда буданду мехостанд, имрӯз аксар кишварҳои ҷаҳон нисбат ба Афғонистон амалӣ кардан мехоҳанд. Таъкиди Роҳбари давлати мо хайру салоҳи кор буд ва ин нияти хайр то ҳол нисбат ба ҳамсояи ҳамзабонамон вуҷуд дорад: «Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди «вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалӣ…»-ро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ шарти муҳими суботи Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа баҳогузорӣ карданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамгироиву равобитро ба таври ҳамеша аз ихтилофу муносибати сард афзал медонад. Ин намунаро дар мисоли Ӯзбекистони ҳамсоя метавон дид, ки баъди фурсатҳо мо тавонистем дӯстии зиёда аз чил миллион нафар сокинони ду кишварро таъмин намоем. Хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд.
Паём даъват ба ободиву бунёдкорӣ ва сулҳу ҳамгироиву ваҳдат натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардумони кишварҳои минтақаву сайёра мебошад. Рафоқату ҳамгироӣ наҷоти имрӯзаи сайёра аз хатарҳои зиёд мебошад ва ҳамин аст, ки оҳанги сулҳу ваҳдати аҳли башар дар он тантанаи хос дошт.
Бахтиёри Қутбиддин,
мудири кафедраи
журналистикаи
байналхалқии ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр