Нашрияи Омӯзгор

Роҳи саодат куҷост!?

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Саодат бахту иқбол, зиндагии хушу гуворо, шодию фараҳ, осоишу оромиши умр аст. Онро ҳама меҷӯянду аз умеди дарёфташч  ҳеҷ гоҳ даст кӯтоҳ намекунанд.

Зеро дарёфти саодат дар кулли маънии ҳаракоту талошу ҷаҳду такопӯйи инсонҳо ниҳон аст. Касе дар олам ҷӯёи шақовату ранҷу азоб нест. Худ маънии зиндагӣ низ осоишу оромиш аст. Аз ин рӯ, соҳибдиле мегӯяд:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Саодати маънавӣ реша андар умқи хираду тафаккури меросӣ ва шахсӣ дорад. Дониш, нангу номус, ватандорӣ, адлу инсоф, тавозӯъ, эҳсон, тараҳҳум, қаноатпешагӣ, ҳилм, шуҷоату мардонагӣ, қаҳрамонию меҳнатдӯстӣ, бешак, саодати маънавист. Аммо аксаран аз ин ғофиланд ё дидаю дониста ин ҳамаро сарфи назар менамоянд. Намедонанд, ки худ маънии аслии зиндагӣ саодати маънавист. Зеро он азалию абадист:

Ба номи Ватан кушта

гаштан ба ҷанг

Беҳ аз зиндагонии бе ному  нанг.

Ду роҳи санҷидашудаи ба даст овардани саодат мавҷуд аст. Роҳи саҳл ва роҳи душвор. Аксаран роҳи саҳли ба даст овардани саодатро ихтиёр менамоянд. Зеро туфайли он домани саодат зуд ба даст меояд. Зеро аз рӯзи азал табиати инсонҳо ҳамин гуна сиришта шудааст.

Савдои маводи мухаддир, тиҷорати ноинсофонаю ноҷавонмардона, ғуломи зархариди хоҷагони аҷнабӣ гаштан, ватанфурӯшию миллатфурӯшӣ, ришвахорӣ, дасту дилу андешаи нопок доштан, дар меҳробу минбар хайрхоҳу дар хилват каждуми зери бӯрё будан, сӯистифода аз мансаб, ба бовари халқ туф намудан, мардикори миллати ғайр будан, дуздию қатлу ғорат, муттаҳамию мардумфиребӣ, манқуртию худхоҳӣ, золимию ғурур, бӯқаламунию риё – роҳҳои осонтарини ба саодати моддӣ расидан аст. Вале ин роҳҳо дар фарҷом обастани оҳу афсӯс, надомату пушаймонӣ, шармандагию расвоӣ, касофатию танҳоиянд. Зеро ҳар чӣ зуд барояд, дер напояд… Соҳибони ин саодат умре дар тарсу ҳаросу таҳлука ҳастанд. Зеро мис будани зарри онҳо, албатта, рӯзе фош мегардад.

Роҳи душвори ба саодат расидан ранҷу азоб, сабурию заҳмат металабад ва бешубҳа, пайроҳаҳои нахустини он аз авроқи китоби раҳнамоии устоду ҷустуҷӯйи илму тарбияи солими хонаводагӣ сарчашма мегирад. Ин роҳро на ҳама ихтиёр мекунанд. Ин роҳро ашхосе мепазиранд, ки ба саодати нисбию дурӯғин нафрату ба саодати мутлақ бовари комил доранд. Зеро ҷустуҷӯ, заҳмат, кӯшиш, шабзиндадорӣ, худкоҳӣ, худшиносӣ саодати мутлақ аст. Он дар пай номи неки ҷовидона, обрӯ, эҳтиром, қадрдонию қадршиносӣ, шукру ифтихор, сарбаландию сарсабзиҳо дорад.

Боиси нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯзҳо аксар волидон, ки худ асири нафсу молу сарватанд, дар тарбияи хонаводагӣ хатоҳои нобахшиданӣ мекунанд. Онҳо кӯдакони худро аз рӯзи нахуст ба роҳи осони саодат, ки он ҳам нисбист, ҳидояту раҳнамоию талқин менамоянд. Чун инони нафс аз каф раҳо шуд, инсон мисли саги девона мегардад. Ягона воситаи занҷирбанд намудани он хиради солиму андешаи саривақтист, вагарна дер мешавад. Сайидои бузург мефармояд:

Нафси саркашро мусаххар

ақли оламгир кард,

Саг чу шуд девона, ӯро

метавон занҷир кард.

Ҳангоми интихоби касб ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ ботини аслии бисёр шогирдон ва хостаҳои нафсонии волидони онҳо ошкор мегардад. Қариб аксари хатмкунандагон азму нияти хондан дар макотиби олӣ надоранд. Чун сабаб пурсон мешавӣ, бешармонаю ҳатто бовиқор мардикории кишвари ғайрро афзал мешуморанд. Сабаби аслӣ дар он аст, ки хонаи гӯшу ҳуши онҳо аллакай аз «насиҳатҳои нафсонии» волидон пур шудаасту онҳо разолату қабоҳат, таҳқиру озор, азобу машаққат, дурию ғарибии кишвари бегонаро аз омӯзиши илм, хизмати Ватан бартар меҳисобанд. Волидони сарватмуштоқи онҳо бехабар аз онанд, ки садҳо мардони тоҷик дар кишвари ғайр ба доми анкабути бетараҳҳуми хоҷагони хориҷӣ афтода, шомили ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гардида, экстремисту террорист шуда, ба номи миллат, Ватан, модар, хоҳару ҳамсару фарзанд доғи ношустанӣ мегузоранд. Ба обу ҳавою хоку нону намаки тоҷикӣ хиёнат карда, ҷурми нобахшиданӣ содир менамоянд ва радди маърака мегарданд.

Хонаи аз ҳама баланд, мошини аз ҳама зебо, манзили аз ҳама олиҷаноб, фахру ғурури навкисагони имрӯза аз они кисту аз куҷост? Бешубҳа, насиби баъзе мардикорони нохалаф аст, ки ба ивази номусу нанги ватандорӣ бо кадом роҳҳое дар мулки ғайр соҳиби сарват шудаанд. Ин ҳама бешубҳаю бемуҳобо диққати хонандаи мактаб, хатмкунандаи дабистонро ба худ чун оҳанрабо мекашад. Ӯ то ба мардикорӣ рафтан тоқаташ тоқ мешаваду рӯзу шаб мешуморад.

Масъулияти ҳатмӣ ва ногузири волидон, устодон, аҳли ҷомеа дар он аст, ки ҳамаи ин соярӯшанҳои дарёфти саодати комил ва каму кӯтоҳро ба шогирдон, замони ҷаҳонишавии бошитоб, бархӯрди тамаддунҳо, реша давонидани экстремизму терроризм ҷиҳати тарбияи наслҳои солиму созанда, худогоҳу ватанпараст, олиму оқил тавзеҳ бахшад. Ба гирдбодҳои азиму бетараҳҳуми ҷаҳони муосир танҳо миллати қавӣ, ки дорои манбаъҳою захираҳои зеҳнию ақлонист, муқовимат карда метавонад.

Бояд аз ҳавою ҳавасҳои бепоя, васвасаҳои бадфарҷоми нафсонӣ, андешаҳои дар оянда манбаи даромади оилавӣ будани фарзандон, амали шармовари «ба умеди оши ҳамсоякишвар турб тарошидан» даст кашем. Кишвари соҳибистиқлоли мо корзори ҳақиқии ободкорию матонат, арсаи шуҷоату мардонагист. Вай ҳазорон Фаридуну Эраҷ, Рустаму Суҳробҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлолро интизор аст. Давлату миллати соҳибтамаддуни мо ба неруи созандаву содиқу вафодор – номбардорони падарони бонангу ор ниёз дорад…

 

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,

шаҳри Исфара,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш