(Ибни Батута ва «Сафарнома»-и ӯ)
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Абдурраҳмон ибни Юсуф ал-Лавотӣ ат-Тунҷӣ, сайёҳ ва муаррихи машҳури араб, маъруф бо Ибни Батута, мулаққаб бо Шарафиддин, Шамсиддин ва Бадриддин соли 1304 мелодӣ дар шаҳри Тунҷа (Марокаш) ба дунё омада, соли 1377 дар шаҳри Фаъс (Фос) аз дунё гузаштааст.
Аз зиндагии ибни Батута ҳамин қадар маълумот мавҷуд аст, ки худи ӯ дар «Сафарнома»-аш ёд кардааст. Вай дар ду маврид дар «Сафарнома» ба вазъи хонаводагии худ ишора кардааст: Яке дар музокирот бо султони Ҳинд, ки мегӯяд: «Падарони ӯ аз машоих ва қуззот будаанд»; ва яке дар шарҳи мусофират ба Андалус, ки қозии шаҳри Рунда, Абулқосим Муҳаммад ибни Яҳё ибни Батутаро яке аз писарамакҳои худ муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин, вай дар Макка яке аз фуқаҳои аҳли мағрибро мулоқот мекунад, ки мегӯяд: «Аз дӯстони падараш буда ва ҳар гоҳ, ки ба Тунҷа мерафтааст, дар хонаи падари ӯ истиқомат мекардааст». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки хонаводаи ӯ аз аҳли илм будаанд.
Ин ҷаҳонгарди маъруфи марокашӣ дар тамоми сафарҳои шарқии худ аз забони форсӣ барои иртибот бо ғайриарабҳо истифода кардааст. Ӯ инчунин, каме забони туркӣ ва ҳиндиро медонистааст.
Ибни Батута дар тӯли умри худ 27 сол (1325-1352) сафар кардааст. Дар сафари нахустинаш 22 сол дошт ва сараввал бо мақсади адои фароизи ҳаҷ ба шаҳри Макка сафар карда, Миср, Шом (Сурия), Фаластин, Лубнон, Ироқ, Эрон, Яман, Баҳрайн, Туркия, Қрим, Байнаннаҳрайн, шаҳрҳои ҷанубии Россия, Афғонистон (Балху Кобул), Ҳиндустон, Чин, Индонезия, Испания ва Африқо то соҳили дарёи Нигер, шаҳри Томбукту, инчунин, шаҳрҳои Осиёи Миёна, Хоразм Урганҷ, Бухоро ва Самарқанд саёҳаташро идома додааст.
Ибни Батута тақрибан ҳамасри Марко Поло буда, (солҳои зиндагиаш 1271-1295), вале беш аз се баробари ӯ роҳ паймудааст. Дар ин маврид муаллифи китоби «Кашфиётҳои географӣ» Рихард Хеннинг менависад: «Ибни Батутаи марокашӣ бояд бузургтарин сайёҳ эътироф карда шавад. Ҳатто саёҳатҳо ва муваффақиятҳои Марко Поло низ дар назди дастовардҳо ва машаққатҳои ин марди дилбастаи сайру саёҳат ҳеҷ чиз нест…».
Ибни Ҷузайа дар мавриди ибни Батута менависад: «Бар хирадмандон пӯшида нест, ки ин шайх ягона сайёҳи ин рӯзгор аст, агар касе ягона сайёҳи миллати исломаш бихонад, дур нарафта ва сухани беҳуда нагуфтааст». Шокири Хасбак низ ибни Батутаро «Саййидур-риҳоллатил-араб вал муслимин» номидааст. И. Ю. Крачковский дар бораи ибни Батута чунин мегӯяд: «Охирин сайёҳи бузургест, ки тамоми давлатҳои исломиро сайр кардааст».
Ибни Батута дар сафари тӯлонии худ аз ҳар фурсате, ки пеш меомад, барои такмили маълумот ва идомаи дарс ва баҳс истифода мекард. Ба тафсиле, ки дар «Сафарнома»-и худ оварда, китобҳои ҳадис ва фиқҳро дар назди устодони замонааш омӯхтааст.
Ибни Батута бузургтарин сайёҳи асримиёнагӣ ба шумор рафта, дар инкишофи маданият ва тафаккури ҷаҳонӣ дар байни географҳои асримиёнагӣ бо «Сафарнома»-аш мавқеи бузург дорад.
Соли 1355 ибни Батута мушоҳидаву қайдҳои саёҳати худро ба муншии султони Марокаш ал-Калбӣ нақл кард. Ал-Калбӣ нақлҳои ибни Батутаро дар шакли китобе таҳти унвони «Туҳфатуннизор фи ғароиби ал амсор ва аҷоиби ал асфор» («Туҳфаи нозирон дар бораи ғароиботи шаҳрҳо ва аҷоиботи сафарҳо») мураттаб сахт. Ин китоб дорои аҳамияти калони географияи таърихӣ буда, маълумоти географӣ, этнографӣ, иқтисодӣ, топонимиқӣ, антропологӣ, динӣ, шаҳрсозӣ ва маданию маишии он оид ба Осиёи Миёна ё Урдаи Тиллоӣ ва дарбори Узбакхон барои омӯхтани таърихи нимаи аввали асри 14-и халқҳои ИДМ-и имрӯза хеле муҳим ва судманд мебошад. Ибни Батута дар ҳикояҳои худ оид ба Эрон вазъияти мамлакатро дар давраи ҳукмронии Ҳалокуиён таҳлилу тасвир кардааст. Дар асар оид ба Ҳиндустон маълумоти муфассал ҷой дорад, ки натиҷаи мушоҳидаҳои шахсии муаллиф ҳангоми қозии дарбори султони Деҳлӣ Муҳаммад Туғлақ будани ӯ мебошад ва бештар аз 20%-и «Сафарнома»-ро ин маълумот дар бар мегирад. Вай дар бораи хулқу хӯи мардуми он диёр ва роҳҳои бозаргонии он ба Чин иттилооти меҳиме медиҳад.
Натиҷаи сафари Ибни Батута ба Судони Ғарбӣ ва Марказӣ, ки дар китоби ӯ сабт шудааст, барои омӯхтани географияи таърихии ин кишварҳо аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Ибни Батута аввалин шахсест, ки тасвири муфассали давлати Малӣ ва ноҳияҳои ба он мавсули Африқоро додааст.
Ибни Батута ҳамзамон, маълумоти муҳимме дар бораи ҷазираи Малдив, ҷануби Россия ва Африқо медиҳад.
Ин ҷуғрофидони машҳур дар тӯли ҳаёти худ тақрибан 120 ҳазор км роҳро паймудааст. Агар тибқи марзбандии имрӯза гӯем, ибни Батута ба 44 кишвар сафар кардааст.
Хотираҳои сафари ибни Батутаро, ки соли 1355 таълиф намуда буд, ибни Ҷузайя таҳрир ва такмил кардааст. Ибни Ҷузайя хаттоти хушнавис ҳам будааст, зеро кори ӯ аз он чӣ то замони мо омада расидааст, бо зебоӣ хонда мешавад.
Ибни Ҷузайя нақл мекунад, ки Ибни Батута дар поёни умри худ гуфтааст: «Ман дарвоқеъ биҳамдиллоҳ, ки ба орзуи худ дар ин дунё, ки сафар бар рӯи Замин буд, расидам».
Нишоне, ки дар рӯзгори мо аз ибни Батута ба дасти мо расидааст, ки китоби арзишманди «Сафарнома» мебошад, ки достони дилкаши сафари ӯро дар бар дорад. «Сафарнома»-и ӯ аҳволу маросим ва одоти мухталиферо аз қалби Африқо то каронаи дарёҳои Чин бо лаҳни сода ва равон моро ба асри 14-и м./8 ҳ.қ. мебарад.
«Сафарнома»-и ибни Батута дар бисёр мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб (Португалия, Фаронса, Англия, Олмон, Эрон) тарҷума шудааст ва яке аз сарчашмаҳои муътамадтарини географияи таърихии асрҳои миёна ба шумор меравад.
Мирзо Рамазониев,
омӯзгори географияи литсейи
№1-и ноҳияи Зафаробод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр