Обе, ки дар ҳаёти ҳамарӯза истифода мебарем, ҳамеша омехтаи дигар моддаҳоро дорад ва ноқили хуби ҷараёни электрикӣ шуда метавонад.
Дарвоқеъ, ҷараёни электрикиро на об мегузаронад ва на молекулаҳои он, балки омехтаи моддаҳои гуногуни таркиби об, аз ҷумла, намакҳои гуногуни минералӣ метавонанд ба ин сабаб шаванд.
Аз рӯйи гузаронидан ва ё нагузаронидани қувваи ҷараён моддаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: электролитҳо ва ғайриэлектролитҳо. Ба электролитҳо асосҳо, кислотаҳо ва намакҳо, ба ғайриэлектролитҳо оксиген (О), нитроген (N), метан (СН4), бензол (С6Н6) ва ғайраҳо дохил мешаванд. Агар мо дар об намаки ошӣ (хлориди натрий NаCl) илова намоем, он гоҳ об қувваи ҷараёнро хуб интиқол медиҳад. Сабаби намаки ошӣ (хлориди натрий NаCl) илова кардан аз он иборат аст, ки аз таъсири молекулаҳои об он диссотсиатсия шуда, ба катиони Nа+ ва аниони Cl – табдил меёбад. Аниқтараш, NаCl←→ Nа+ + Cl –. Пас, ин ионҳо метавонанд, қувваи ҷараёнро гузаронанд.
Технологияи муосир дар ҳолати зарурӣ метавонад обро аз ҳамаи ғализиҳо тоза намуда, дар он танҳо молекулаҳои худи обро нигоҳ дорад. Оби аз ғализиҳо тозашударо оби муқаттар (дистилӣ) меноманд. Оби муқаттар қувваи ҷараёнро намегузаронад ва метавонад ғайриноқили хуб шавад. Оби муқаттарро дар техника, тиб ва истеҳсолот дар ҳаҷми калон истеҳсол намуда, ба таври васеъ истифода мебаранд.
Модом ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас вазифадорем, ки онро чун манбаи ҳаёт ҳифз намоем.
А. Файзуллоев,
омӯзгори физикаи гимназияи №2, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр