Низоми маорифи ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби иҷтимоӣ бо нигоҳ дош-тани дастовардҳои қаблӣ ва истифода аз имконоту шароитҳои кунунӣ барои рушди соҳа ва гузариш ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ заминаҳои мусоидро фароҳам оварда, чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешрафти илму маориф имрӯз нақши худро гузошта истодааст.
Дар доираи талаботи ҷаҳони муосир раванди таълим на ба гирифтани донишҳои тайёр, балки ба муносибати босалоҳият нигаронида шуда, ба хонандагон имконияти аз худ намудани малакаҳои асосии таълимӣ, тайёрии касбӣ ва маҳорати дар амал тадбиқ намудани донишҳоро тақозо дошта, риояи тарзи ҳаёти солим ва гиромӣ доштани арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар хонандагон ташаккул медиҳад.
Дар амал тадбиқ намудани мазмуни таҳсилот аз методи таълими фан вобаста буда, ҳар омӯзгор бо имконият, дараҷаи фаҳмиш ва ҷаҳонбинӣ истифода ва дар доираи стандартҳои фаннӣ раванди омӯзиши дурусти ҳар як мавзӯъро ба роҳ мемонад.
Имрӯз муносибати нави таълим ба салоҳиятнокӣ нигаронида шуда, фаъолӣ, мустақилият ва озодии хонандаро дар интихоби маводи таълимӣ ва омодагӣ ба мавзӯи барномавӣ қавитар ва мавқеи омӯзгорро фаъол менамояд.
Муносибати босалоҳият дар таълим тавассути фардикунонии раванди таълим амалӣ карда мешавад. Аз нуктаи назари илми педагогика салоҳиятнокӣ ин натиҷаи самарабахши таҳсилотест, ки шахс дар рафти он ба маҷмӯи салоҳиятҳо соҳиб мешавад. Ҳар як салоҳияти алоҳида маҷмӯи мураккаби амалҳоест, ки ҳамгироии дониш ва тадбиқи онро дар назар дорад.
Яке аз роҳҳои асосии ташаккули муносибати босалоҳият дар хонандагон бедор намудани ҳавасмандӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар истифодаи малакаву маҳорати таълимӣ дар ҳаллу омӯзиши силсилаи масъалаҳо ва маводи амалию назариявӣ мебошад.
Барои ташаккули салоҳияти таълимӣ бештар ба усулҳои фаъоли таълим, проблемавӣ-модулӣ ва лоиҳавӣ-тадқиқотӣ такя кардан мумкин аст. Одатан хонандагон барои аз худ кардани фанҳои табиӣ-риёзӣ мушкилӣ мекашанд, ки ин сабабҳои муайян дорад. Донишҳои барномавии ин фанҳои таълимӣ асосан назариявӣ буда, барои дар амалия ва ҳаёт тадбиқ намудани онҳо шароити муайян лозим аст.
Салоҳияти таълимӣ барои ташаккули силсилаи донишҳо, малакаю маҳорат мусоидат намуда, мустақилияти хонандаро рушд мебахшад. Салоҳият дар алоқамандии предметҳо ташаккул ёфта, ба захираҳои маърифатӣ, таҷрибаҳо, малака ва маҳорати хонанда таъсири мусбат мерасонад.
Таҳлил намудани як дарси табиатшиносии синфи 3-юм бо усули салоҳиятнокӣ замина фароҳам меорад, ки дар он ҳам алоқамандии фанни мазкур бо дигар фанҳо, ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хонанда ва ҳам дарки хубтари мавзӯъ ба амал ояд.
Мавзӯъ: Об - сарчашмаи ҳаёт– 1 соат
Дар доираи талаботи салоҳиятҳо хонандагон бояд:
- Аҳамияти обро дар ҳаёти организмҳои зинда шарҳ дода тавонанд;
- Вобаста ба пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” маълумоти кофӣ дошта бошанд:
- Мақсад (натиҷаҳои интизоршаванда).
Ҳангоми омӯзиши мавзӯъ хонандагон метавонанд:
- аҳамияти обро дар ҳаёт ва фаъолияти инсон фаҳмонанд;
- оид ба истифодаи об дар истеҳсолот (хоҷагии қишлоқ, саноат ва муҳити зист) маълумот дошта бошанд;
- роҳҳои тоза нигоҳ доштани обҳои маҳали худ ва дар доираи манбаъҳои об, пиряхҳо тасаввурот дошта бошанд;
- расмҳои китобро оид ба тоза нигоҳ доштани об шарҳ дода тавонанд;
- роҳҳои тоза нигоҳ доштани обҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро донанд.
Барнома. Об - манбаи ҳаёт. Аҳамияти об дар ҳаёти инсон ва фаъолияти ҳаррӯзаи он. Истифодаи об дар хоҷагӣ ва маҳали зист. Кор бо расму тасвирҳо, матн. Мушоҳида, таҳлил ва муқоиса. Тоҷикистон манбаи обҳои тоза ва мусаффо. Шарҳи шоҳбайти зерин:
Мурғе, ки надорад хабар аз
оби зулол,
Минқор дар оби шӯр дорад
ҳама сол.
Таҷҳизот: коғаз, қалам, ҷадвалҳо, расмҳо, харита, компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ, тахтаи электронӣ ва ғайраҳо.
Методҳо: пурсиш-посух, ангезиши зеҳн, суҳбат, кор бо матн ва воситаҳои навишторӣ, корҳои фардӣ, дунафарӣ, чорнафарӣ ва гурӯҳӣ.
Омӯзгор дарсро ҷамъбаст намуда, вобаста ба пайдо шудани садҳо беморию вирусҳо аз тариқи ҳаво ва об гузарандаро ба хонандагон таъкид карда, риояи масъалаҳои экологиро аз хонандагон тақозо менамояд.
Ҳамин тариқ, дар баробари тасаввуроти зарурӣ пайдо намудан хонандагон, ҳамчунин оид ба робитаи байни фанҳо, мушкилоти сайёра дар робита ба норасоии оби ошомиданӣ, заҳролуд шудани обу ҳаво, экология ва дигар масъалаҳои доғи сайёра низ тасаввурот пайдо менамоянд.
Ситорамоҳ
ҲАБИБУЛЛОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №60-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр