Нашрияи Омӯзгор

Нақшгузорӣ дар инкишофи кӯдак

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Донишмандон бузургтарин ва мушкилтарин шуғлро дар дунё ба мураббиён нисбат дода, фаъолияти онҳоро яке аз омилҳои асосии рушдбахши ҳаёти кӯдакон унвон карданд.

Муҳимтарин амалҳое, ки ба ҳаёт ва ояндаи кӯдак таъсири файзбор мерасонанд, тавассути мураббӣ сурат мегиранд. Мураббӣ дар баробари бо шогирдон тарбияи маънавӣ бахшидан, инчунин, ба тарбияи ҷисмонӣ ва равонии онҳо низ аҳамияти хоса медиҳад ва ин барои ташаккули шахсияти кӯдак хеле зарур мебошад. Агар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавӣ ба ҳам созгор оянд, бовар аст, ки кӯдак аз ҳар нигоҳ дурусту солим инкишоф меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки кӯдакон ба аёният рағбати зиёд доранд.

Чунонки педагоги машҳури рус К.Д.Ушинский қайд менамояд, «Асбобҳои аёнӣ кӯдаки камҳарфро ҳам ба сухан меоваранд».

Мураббӣ метавонад доир ба ҳар як расм саволнома тартиб диҳад ё ин ки аз сканвордҳо пурсамар истифода карда, дарсҳоро шавқовару ҷолиб баргузор намояд. Дар ин ҳолат инкишофёбии зеҳни кӯдак фаъол мегардад. Ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдак вобаста ба чизҳои гуфтаю шунидааш мехоҳад фикрашро баён кунад, лек аз ҳамсолону атрофиён истиҳола менамояд. Зеро онҳо ба суханони ӯ чандон аҳамият намедиҳанд. Аксаран кӯдак мавзӯъро аз худ карда метавонад, аммо фикрашро баён кардаву, мулоҳизаашро хаттӣ навишта наметавонад. Аксаран шифоҳӣ баён кардани онро осон мешуморад.

Баҳри иҷрои ин амалҳо ва вазифаҳо ба мураббиён ва омӯзгорон лозим меояд, ки шаклу усулҳои ҷадиди таълимро ҷустуҷӯ намуда, шавқу ҳаваси хонандагонро оид ба фанҳо афзун намоянд, то ки онҳо соҳиби дониши мукаммал, ҷаҳонбиниву тафаккури солим, маърифати баланд ва ахлоқи ҳамида гарданд. Ҳадафи истифодаи ин усулҳо дар самтҳои таълим ва азхудкунии дониш бештар мебошад.

Солҳои охир омӯзгорон, падарону модарон ва аҳли ҷамъият изҳор менамоянд, ки пояи тарбия то андозае суст шуда, ахлоқу одоби кӯдакону наврасон коста гардидааст. Волидон ба тарбияи меҳнатии фарзандон бояд аз ибтидо диққати махсус диҳанд, чунки меҳнатдӯстӣ яке аз хислатҳои беҳтарини инсон аст. Ҳар як фарзанд дар оила бояд вазифаи муайян дошта бошад ва бе таъкиди ҳаррӯзаи волидон вазифаашро иҷро кунад. Барои ноил гардидан ба ин натиҷа ба волидон лозим меояд, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳанд ва бо назари ибрат ба урфу одат ва анъанаҳои гузаштагон нигаранд, бо мураббиён ва омӯзгорон дар робитаи доимӣ бошанд. Он гоҳ метавон ба натиҷаҳои судманди тарбияи арзишҳои ахлоқии кӯдакон ноил гардид. Мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ мегӯяд: 

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд».

Падару модар, ҳамчунин, муваззафанд, ки барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд. Волидон ҷиҳати ба зиндагии мустақилона омода сохтани фарзандон ва бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расондани онҳо масъуланд.

Оғози тарбияи кӯдак аз хонавода аст ва он марбут ба падару модар буда, хишти нахустинро дар пойдевори ташаккули шахсият маҳз онҳо мегузоранд.

Абдуразоқ Миров,

омӯзгори мактаби №8,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш