Нашрияи Омӯзгор

Кори мустақилона ва қобилияти хонанда

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Самаранок истифода намудани кори мустақилона дар синфҳои ибтидоӣ, хусусан, аз фанни математика барои такмили дониши хонанда аҳамияти калон дорад.

Кори мустақилонаи дар синф супоридашуда хонандагонро ба иҷрои вазифаи хонагӣ тайёр мекунад, боиси мустаҳкам шудани дониш ва малакаи онҳо мегардад ва хонандагонро водор мекунад, ки дониши гирифтаашонро дар амал тадбиқ намоянд. 

Барои кори мустақилона чунин мисол ё масъалаҳоро супоридан лозим аст, ки хонандагон бо роҳи ҳалли он шинос бошанд, яъне ба мисол ва масъалаҳои дар синф ҳал кардаашон монанд бошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе муаллимон ба сифати кори мустақилона мисолу масъалаҳоеро медиҳанд, ки хонандагон бо он шинос намебошанд ва намедонанд, ки он мисолу масъалааҳоро бо кадом тарзу усул ҳал кунанд. Муаммои дигари дар муассисаҳои таълимии  миёна маъмул аз тарафи омӯзгорони фанни математика ба ҳалли масъалаҳои матнӣ диққати ҷиддӣ надодани онҳо мебошад.

Яке аз роҳҳои такмили фикрронии хонанда ҳангоми иҷрои кори мустақилона ба талаба омӯзондани истифодаи самараноки китоби дарсӣ мебошад. Дар мисоли ҳалли як масъалаи ба кори мустақилона монанд дар синф омӯзгор якчанд усулҳои ҳалли онро ба хонандагон меомӯзад. Омӯзгор ба шогирдон мефармояд, ки матни масъалаи супориширо мустақилона хонанд, муаллим мазмуни онро аз якчанд хонанда пурсида, сипас такрор мекунад. Такрор то чӣ андоза мустақилона аз худ намудани мазмуни масъаларо нишон медиҳад. Агар барои ҳалли масъала ягон қоида лозим шавад, омӯзгор аз китоб онро ба хонандагон нишон дода, таъкид мекунад, ки хонда, аз ёд кунанд. Хонандагон қоидаи номбаршударо мустақилона хонда аз худ мекунанд ва онро дар ҳалли масъала татбиқ менамоянд.

Чунин тарзи кор, аз як тараф, малакаю маҳорати бо китоби дарсӣ кор карданро ҳосил кунад, аз тарафи дигар, муҳаббати хонандагонро ба китоби дарсӣ зиёдтар мегардонад.

Баъзе омӯзгорон аввал матни масъаларо худашон хонда, баъд ҳамроҳи хонандагон онро таҳлил мекунанд ва ҳаллашро ба онҳо месупоранд. Хонандагон бо супориши муаллим ба ҳалли масъала машғул мешаванд. Ин тарзи корбарӣ ҳар дарс давом кардан мегирад. Дар натиҷа пас аз якчанд рӯз, агар ба хонандагон ягон хел масъала дода шавад, онро ҳал карда наметавонанд. Ин нишон медиҳад, ки на ҳамаи хонандагон шарти масъалаҳои додашударо дуруст дарк карда метавонанд.

Барои дуруст ҳал кардани масъала ва муайян намудани роҳи ҳалли он дуруст фаҳмида, тартиб додани нақшаи ҳалли масъала зарур аст. Хонанда пеш аз тартиб додани нақшаи ҳалли масъала бояд дарк карда тавонад, ки дар масъала чиҳо дода шудааст ва чиро ёфтан лозим аст. Барои ҷавоб додан ба ин ё он саволи масъала кадом амалҳоро иҷро намудан лозим аст, мақсади иҷрои ин машқҳо аз чӣ иборат аст ва ғайра.

 

Ф.ҲАМРОЕВА,

омӯзгори мактаби №116-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш