Озмунро шукӯҳи дигар мебояд
Мушоҳида, таҳлил, андеша, пешниҳод доир ба озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2018»
Озмуни «Омӯзгори сол» солҳост, ки баргузор мешавад ва ҳукми анъанаро гирифтааст. Имсол ҳам ин озмун дар анҷоми соли 2018 баргузор гардид.
Озмун се рӯз давом кард. Расми ифтитоҳи он дар толори китобхонаи ДҶТИБКСМ сурат гирифт. Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, (раиси кумитаи тадорукот) дар хусуси сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, дастгириҳои пайваста ва раҳнамоиҳои Вазорати маориф ва илм, хусусан, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, касбият ва нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа сухан кард. Зикр шуд, ки мақсади асосии озмун дарёфти истеъдодҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, дар назди тамоми омӯзгорону роҳбарони соҳа масъулияти ҷиддитар мондан аст. Л. Назирӣ ҳозиринро ба ҳайати ҳакамон, ки аз муассисаҳои таълимии пойтахт, донишгоҳҳо ва вазорат интихоб шудаанд, шинос карда, ба доварии одилонаи онҳо изҳори эътимод намуд. Латофат Назирӣ ҳамаи довталабонро ба муносибати роҳ ёфтанашон ба сатҳи ниҳоӣ муборакбод гуфта, барояшон дар иҷрои шартҳои озмун муваффақият таманно кард.
Шинохти довталаб аз муаррифӣ
Шарти аввали озмун муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа буд, ки хушбахтона, баъди пешниҳодҳои чандинсола ва бо назардошти рушди технологияи навин шакли тоза касб намуд. Ин шарт бо қуръапартоӣ сурат гирифт ва ҳамаи довталабон корҳои эҷодии худро тавассути технология муаррифӣ намуданд. Талаботи шарт ҳамин буд: дар муаррифии таҷриба навовариҳои таълимро бо назардошти назарияҳои педагогӣ-психологӣ ва адабиёти илмӣ, дар эҷоди мақолаҳои илмиву методӣ, дастуру тавсияҳо ва китобҳои дарсӣ инъикос кардан.
Дар ин шарт фаъолияти Муродҷон Ҳайдаров – омӯзгори таъриху ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд), Дилбар Шоева – омӯзгори таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе пурбортар буд: дониши хуб, маҳорати баёни фикр, суханронии шево ва муносибати нарми Муродҷон, симои омӯзгорӣ, забони тоза, нутқи равон ва самимияти Дилбар, серҳаракатӣ, кӯшиш, талош ва ғайрати Ҷонибек Сафаров – омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44, ноҳияи Варзоб (НТҶ), донишу маҳорати касбӣ ва ҷуръати Бахтовар Ҳукумов – омӯзгори математикаи литсейи давлатии №1, шаҳри Бохтар (вилояти Хатлон), мулоиматии Мунира Куканбекова – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №5-и шаҳри Хоруғ ҳакамонро хеле писанд омад.
Чаро маҷлис натиҷа надод?
Шарти дуюм маҷлиси падару модарон буд, ки дар доираи 20 дақиқа бояд анҷом меёфт. Ҳунари Дилбар ва Бахтовар дар ин бахш нисбатан хуб ба назар расид, аммо мушоҳида гардид, ки омӯзгорон ба тавсияи мутахассисон ниёз доранд, чунки онҳо ба донишҳои донишгоҳии худ такя мекунанду халос. На дар курсҳои такмили ихтисос намунаеро ба онҳо меомӯзонанд ва на тавсияи методиеро дастрас карда метавонанд. Тавре мутахассиси соҳа Сулаймон Қурбонов, корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, зикр кард, умумигӯӣ дар ҳама дида мешуд. Воқеан, бояд донем: бо падару модарон кай ва чӣ бояд гуфт. Дар баргузории маҷлиси падару модарон бояд мавзӯъҳоро худи омӯзгор бо назардошти талаботи мавҷуда интихоб намояд, омӯзгор бо онҳо ба забони калонсолон ҳарф занад, аз саҳначаҳое, ки фарзандони онҳо фаъолият мекунанд, кор гирад, баҳс ташкил карда тавонад, омӯзгорони фанниро ҳам бо зарурат даъват намояд; истифодаи усулҳои таълим дар маҷлис шарт нест, падару модарон ба суҳбат ва маслиҳат ниёз доранд, вақтро ба инобат гирифтан муҳим; дар акси ҳол ҷалби онҳо танҳо барои фаҳмидани баҳои фарзанд ва ё дастгирие аҳамият надорад. Аз қолабҳо бояд берун ҷаст!
Асри технологияву…
Шарти сеюм кор бо компютер ва тахтаи электронӣ буд. Ин ҷанбаи фаъолияти довталабон асосан зери назари мутахассиси шинохтаи соҳа Александр Исматов санҷида шуд. Тавре Исматов изҳор кард, дар ин бахш боз ҳам саҳлангорӣ ба назар мерасад. Дар муқоиса ҳунари намояндаи вилояти Суғд Муродҷон Ҳайдаров, баъд Дилбар Шоева (Душанбе) ва Бахтовар Ҳукумов (Хатлон) хубтар ба назар расид.
- Мутаассифона, камбудӣ дар ҳар қадами довталабон мушоҳида мегардид, - изҳори нигаронӣ кард Александр Исматов. - Барои омӯзгори имрӯз, ки бо технология сару кор мегирад, надонистани забони русиву англисӣ айби калон аст. Бо забони тоҷикӣ дастурҳои омӯзишӣ ниҳоят кам ва нопурраанд. Омӯзгори технологияи иттилоотӣ рӯзе бояд аз 30 иттилоъ зиёд аз бар кунад, дар акси ҳол шогирдон аз ӯ пештар мегузаранд. То ҳол тарзи муаррифии фаъолияти худро омӯзгорони мо намедонанд. Тавассути слайд нишон додани маърӯза муаррифӣ нест. Муаррифӣ бояд фарогири тамоми паҳлуҳои эҷодии омӯзгор бошад.
Дарс – шарти муҳимми кор
Шарти сеюм дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос дар доираи 45 дақиқа буд. Баргузории дарси аввал насиби Дилбар дар дарсаш бо проблемагузорӣ шогирдонро водор мекард, ки андешаи худро баён намоянд, ҳар шарҳи воқеаеро шунида, далел мепурсид. Бо ин роҳ тафаккури шогирдонро ба таҳрик меовард. Пурра гардондани ҷумлаҳои нотамом низ аз усулҳои хуби кори ӯ буд, гоҳе синквейн, гоҳи дигар нақшаро ба кор мебурд, гоҳо «мевае» ба миён медаромад, гоҳи дигар «моҳӣ», ҳар кадом бо мақсад: рушди тафаккури шогирдон, ҳалли мавзӯи матраҳ ва натиҷа ба даст овардан. Маҳорати баланди педагогӣ, касбият, методикаи кораш фарқкунанда ба назар мерасид, синфро идора кардаву фаъол гардондан ҳунари хуби ӯст.
Ба Муродҷон дарс гузаштан дар синфи 11 лозим омад. Мавзӯъ: «Иҷлосияи таърихии тақдирсоз». Дар пурсиши вазифаи хонагӣ («Шароити таъсисёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон») Муродҷон бисёр усулҳоро ба кор бурд, дар як вақт чанд нафарро вобаста кардан ба иҷрои супориш дар тахтаи синф, чанд нафари дигарро саволномаи тестӣ додан, бо дигарон пурсиши шифоҳӣ гузарондан тариқи харита ва ҷадвалҳои гуногун хеле хуб буд. Аз навор ҳам истифода бурд, гурӯҳбандӣ ҳам кард, агарчи теъдоди хонандагон ва номгузорӣ ба гурӯҳҳо мувофиқ набуд. Вале бо он ки амали зиёд дошт, ба фаъолгардонии шогирдон муваффақ нагардид. Тавре Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди ДДОТ ба номи устод Садриддин Айнӣ, изҳор кард, дар истифодаи маълумотҳои илмӣ аз эҳтиёт кор мегирифту луғатро бештар ба кор мебурд, хубтар мешуд.
Бахтовар дар синфи 11 бо хонандагони ба қавле, бегона зуд забон ёфт. Фазои озод, баҳс ташкил кардан аз ҳунари омӯзгорияш дарак медоданд, оҳанги «салоҳиятҳо» дар дарс мушоҳида мешуд, вале истифодаи батакрори баъзе калимаҳо аз руйи одат, лаҳҷа, ҷамъбаст хуб не, бо вуҷуди ин дарсаш «зинда» буд.
Дарси саршори нармиву гармии Мунира ҳамаро ба худ кашид. Бартарии Мунира бо он ки тавонист номгузориро дар гурӯҳҳо ба ихтиёри бачаҳо гузорад ва дар зимн шарҳи маъниро аз онҳо дархост кунад, зоҳир гардид. Номи мавзӯъ «Достони «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ» буд, ки агар он бо саҳначаи зинда (тавре соли гузашта довталаби бадахшонӣ ташкил кард), бо луғатёбӣ сурат мегирифт, ҳеҷ гоҳ аз хотири хонандагон зудуда намешуд. Иштибоҳи шогирдонро ислоҳ накардан ва қадре аз мавзӯъ дур рафтан тақрибан дар фаъолияти ҳамаи довталабон дида мешуд, дар Мунира ҳам.
Ҷонибек дар синфи 10 аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс гуфт, ӯ тавонист диққати шогирдонро ҷалб намояд, гурӯҳбандӣ намояд, шогирдонро фаъол гардонад. Вале аз усули кӯдакмарказ ё хонандамеҳвар камтар истифода бурд, асосан худаш фаъолият кард.
Дарси тарбиявӣ чӣ гуна бошад?
Шарти навбатӣ дарси тарбиявӣ буд. Ин навбат ҳам соати аввал ба Дилбар расид. Дар ин бахш ҳар довталаб махсусияти худро дошт. Масалан, Дилбару Бахтовар зуд ба бачаҳо дар синфи бегона забон ёфтанд, Муродҷону Ҷонибек мавзӯъро таҳлили хуб карданд. Бо таассуф, Мунира бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдаш натавонист мавзӯъро пурра фарогир шавад. Албатта, дигарон ҳам дар ин дарс бе камбудӣ набуданд, чун аз мавзӯъ дур рафтан бисёр мушоҳида мешуд.
Таҳлилҳо таҳлил мехоҳанд ва…
10 саволу ҷавоб
Шарти дигар таҳлили дарс дар доираи 10 дақиқа буд. Ростӣ, ин шарт ҳам натавонист қонеъкунанда гардад, дар ин ҷо ҳам шояд камбудӣ ба норасоии тавсияҳои методӣ рабт дошта бошад.
Шарти охир ҷавоби хаттиву шифоҳии довталабон ба 10 савол буд, саволҳо аслан атрофи асноди меъёрӣ пешниҳод шуда буданд. Дар ин бахш фаъолияти Дилбару Муродҷон бартарӣ дошт. Дар муқоиса донистани забонҳои русиву англисӣ аз тарафи Бахтовар ва Мунира мушоҳида гардид.
Давлатшоҳ Маҳмудов: - Беҳтарин чизе, ки мушоҳида шуд, ҳамин буд: тарсу ҳарос дар симои ягон довталаб дида намешуд. Дар бораи паҳлуҳои мусбат ҳакамон гуфтанд. Зимнан, мехоҳам чун мутахассиси соҳа доир ба дарси Шоева ва Ҳайдаров аз нигоҳи илмӣ баҳо диҳам. Хубтарин кори омӯзгор барои донишазхудкуни хонандагон ҳамин аст, ки ғалати шогирдро дарҳол ислоҳ намояд. Мутаассифона, баъзе ғалатҳое, ки хонандагон мегуфтанд, аз ҷониби довталабон нодида гирифта шуданд. Дигар, дар дарси таърих ба луғат бояд зиёд таваҷҷуҳ гардад, китоби дарсӣ ҳам аз назар дур намонад.
Сулаймон Қурбонов: - Мо дарси намунавӣ не, дарси муқаррариро дидем. Гурӯҳбандӣ тартиби худро дорад, дар он бояд сардори гурӯҳ интихоб шуда, фикру ақидаи ҳама ба инобат гирифта шавад, барои посухи ҳар савол 2-3 дақиқа вақт ҷудо гардад. Ин талабот дар гурӯҳбандиҳо аксаран риоя нагардид. Дар дарси салоҳиятнокӣ бояд мақсад навишта шуда, барои расидан ба он қадамҳо нишон дода шаванд. Таваҷҷуҳи Шоева ба ин масъала дида шуд. Сафаров бояд дарси худро на дар синфхонаи компютерӣ, балки дар синфи муқаррарӣ мегузаронид, чунки дарси назариявӣ буд, бо компютерҳо ягон амал иҷро нашуд.
Ҳукумов бисёр ҷиҳтҳои хуб дорад, баҷуръату навҷӯ аст, аммо бояд минбаъд бо мутахассисон ҳамкории бештар намояд. Дарс бояд натиҷа дошта бошад, хулосаи он дар фаъолияти хонандагон зоҳир мешавад, ки бо таассуф, ин дар ҳама набуд.
Рухсора Назарова –омӯзгори литсейи Президентии шаҳри Душанбе:
- Барои ман ҳамчун мутахассис дарси адабиёт, ки онро довталаб аз ВМКБ гузаронд, маъқул шуд. Муаллима ниҳоят бо оромӣ ва тамкини хоса тавонист диққати шогирдонро ба дарс ҷалб намояд. Бахтовар ҳам дар синф бачаҳоро зуд атрофи худ гирд оварда тавонист.
Моҳира Мухторова – омӯзгори литсейи Президентии шаҳри Душанбе:
- Довталабоне, ки ба даври ниҳоӣ меоянд, бояд сатҳи баланди донишу маҳорат дошта бошанд. Ба назари ман, Дилбар Шоева бо маҳорати баланди касбӣ, ба назар гирифтани хусусиятҳои психологии шогирдон, эҷодкорӣ, нутқи равон ва забони ширинаш бартарӣ дошт, аммо боз ҳам дар интихоб бояд ҷиддӣ бошем.
Саида Набизода – муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»: - Довталабон аз ҳар ҷиҳат бартарӣ доштанд: Муродҷон бо дониши қавӣ ва пайдарҳамии фикр, мулоимат, Дилбар бо кушодачеҳрагӣ, Ҷонибек бо серҳаракатӣ, Мунира бо тамкини хоса ва Бахтовар бо ҷасораташон диққатро ҷалб мекарданд. Омӯзиши таҷрибаи пешқадами довталаб бояд тамоми сол мавриди таваҷҷуҳи мутахассисон қарор гирад. Дар ҷумҳурӣ ба ин масъала бештар дар вилояти Суғд аҳамият медиҳанд ва он ҳам танҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров (масъулини вилоятҳои Хатлону Бадахшонро мебояд аз онҳо омӯзанд). Магар дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят довталаб ёфт намешавад? Дар озмуни соли 2002 низ ҳамин ҳолат буд: таваҷҷуҳи Суғду Душанбе зиёд, Хатлону Бадахшон нисбатан фориғбол. Ин вазъ ислоҳ мехоҳад.
Анҷом ва пешниҳодҳо
Дар расми анҷом муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев дар бораи омӯзгор суханони хеле самимӣ ва пурифтихор гуфт ва кулли омӯзгорони ҷумҳуриро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуд.
Раиси ҳакамон, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Зиёратшоҳ Нарзуллозода бо зикри чанд сухан дар бораи фаъолияти довталабон ғолибро эълон кард: Дилбар Шоева – омӯзгори таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе. Ба ҳамаи довталабон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», ба ғолиб мукофоти пулӣ (ба миқдори 4000 сомонӣ), Дипломи дараҷаи 1, ба ҳамаи довталабон мукофоти пулии Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин, як роҳхатӣ ба осоишгоҳ тақдим гардид.
Озмун анҷом ёфт ва бояд минбаъд дар баргузории он масоили зерро ба назар гирем:
1. Омодагии ҷиддии масъулини вазорату раёсатҳо. Дар иртибот довталабро бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва омода намуд. Дар акси ҳол иштироки довталаб бо дудилагӣ ва бе кӯлвори пур ҷуз ташвиш натиҷаи дигаре дода наметавонад;
2. Вақти баргузории озмун бояд аниқ бошад, шояд арафаи Рӯзи омӯзгорон. Зеро маҳз надонистани вақти муайян ҷиддият ва низоми омодагиро ба чунин озмун аз байн мебарад;
3. Меҳнати ҳайати кумитаи тадорукот (наворбардору суратгир низ), ҳакамон, роҳбарони муассисаҳоеро ҳам, ки озмун он ҷо баргузор мешавад, бояд ба инобат гирифт.
4. Расми ифтитоҳ ва анҷоми озмун бо дастгирии Кумитаи иттифоқҳои касаба бояд дар сатҳи баланд, вақти муайян, бо иштироки васеи омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни факултаҳои омӯзгорӣ, адибону рӯзноманигорон ва бо тантана сурат гирад.
З.НАРЗУЛЛОЗОДА,
раиси ҳайати ҳакамон,
Саидаи ФАЗЛ,
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр