Нашрияи Омӯзгор

Беҳтаринҳо муайян гардиданд

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

22-23 декабри соли ҷорӣ даври сеюми  олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 11 аз фанҳои химия ва биология дар литсейи тамоюли техникии ба номи «Афлотун»-и ноҳияи Данғара баргузор гардид. Дар озмуни фанни химия 83 нафар ва биология 85 нафар  ғолибони  даври дуюми шаҳриву ноҳиявӣ  аз 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Маросими баргузории озмунро мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Данғара Ниёзмуҳаммад Саид ифтитоҳ намуда, ба довталабон барои иштирок дар чунин чорабинӣ  муваффақият орзу намуд. Дар марҳилаи якум тамоми довталабон,  аз фанҳои химия ва биология имтиҳони тестӣ (50 савол)  супориданд. Довталабоне, ки соҳиби 35 - 40 хол гаштанд, ба марҳилаи дуюм иҷозат дода шуданд. Дар марҳилаи дуюм дар  озмуни  фанни химия 20 нафар ва биология 20 нафар ҳуқуқи иштирок карданро пайдо намуданд. Ҳайати доварон ба донишу маҳорат ва истеъдоди довталабон воқеъбинона баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян карданд.Дар олимпиадаи мазкур аз фанни химия дар мактабҳои типи нав  хонандагони мактаби Президентии ноҳияи Данғара Қ.Комилов ҷойи якум ва Д. Ҳафизов ҷойи сеюм, хонандаи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб М. Нуралиев ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Муҳассилини муассисаҳои таълимии №29 ва №3-и ноҳияи Фархор, М. Бобохонов ҷойи якум ва С. Нуралиев ҷойи дуюм, хонандаи муассисаи таълимии №29-и ноҳияи Данғара ҷойи сеюмро гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои раёсати  маорифи вилояти Хатлон А. Сафароф мукофотҳоро ба ғолибон тақдим  намуд.      

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш