Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батии худ вобаста ба воқеаҳои таърихии соли 2018 чунин таъкид карданд: «Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад».
Чӣ тавре ки Пешвои миллат зикр намуданд, баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои ҳамҷавории тоҷикону ӯзбекон тамоюлҳои мусбат вусъат гирифтанд. Тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатноке, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ба тариқи мусбӣ ҳаллу фасл гардиданд.
Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои роҳбарони ҳар ду давлат –Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба кишвари ҳамдигар ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни ҷумҳуриҳои бо ҳам дӯст ва бародар муваффақ гардидем. Сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар буд, ки рафтуомади озодонаи ду халқи дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек барқарор шуда, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дую ним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ мушарраф гардиданд. Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд.
Маҳз самараи ҳамин сиёсати халқпарваронаи сарварони ду кишвар буд, ки баҳори соли гузашта гузаргоҳи Шаҳритус – Гулбаҳор, ки вилояти Хатлонро бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, кушода шуд, баъди солҳои тӯлонӣ қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» - роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.
Марзҳо боз шуданд, қолабҳои қаблӣ шикаста, ҳамкориҳо авҷ гирифтанд, назару нигоҳҳо комилан тағйир ёфтанд. Ба ифодаи маъмул, дӯстӣ ғалаба кард.
Ин иқдоми хирадмандонаи сарони ду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ гузошт.
Шодиву хурсандии мардум аз тантанаи кушода шудани сарҳадҳои ду кишари ҳамсоз, ки халқҳояшон – тоҷикону ӯзбеконро расму оини муштарак дар тӯли асрҳо ба ҳам пайванд намудааст, имрӯзҳо ҳадду канор надорад. Ҳамагон бо дили пур ва фараҳу шодӣ, бо чеҳраи саршор аз мамнуният ва бо забони шаҳдбор қаноатмандии худро аз ин воқеаи бузург изҳор мекунанд.
17 августи соли гузашта аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ изҳороти муштарак имзо гардид. Ҳамзамон, дар ҳузури ин ду шахси воломақом байни ду кишвар 27 созишнома ба тасвиб расонда шуд.
Дарвоқеъ, изҳороти муштараки ду кишвар оид ба таҳкими дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳуҷҷати нишотбахшу бошарофат аст.
Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти ин изҳороти муштарак сухан ронда , аз он ки дар Самарқанд таъмиру тармими Осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ (рамзи дӯстии қадимаи тоҷикону ӯзбекон) оғоз ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ аз он ки дар Душанбе боғи хурраме бо номи Мир Алишери Навоӣ бунёд мешавад, миннатдории худро иброз доштанд.
Ин ҳуҷҷати беназирро, ки ифодагари азму иродаю орзуҳои халқамон мебошад, муҷассамаи ифодагари фикру андешаҳои неки сарварони ду кишвар дар роҳи манфиатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек арзёбӣ кардан мумкин аст.
Ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон, иттифоқҳои касаба ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тадриҷан вусъат меёбанд.
Ҳамин тавр, изҳороти муштарак маромномаи нақшаҳо, вазифаҳои ояндаи халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Ин ҳуҷҷатро метавон, ҳамчун пайвандгари дилҳо, сурурбахши халқҳо арзёбӣ намуд.
28-уми марти соли гузашта бо ҳузури Президенти кишварамон ва бо ширкати меҳмонони зиёде аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд таҷлил шудани Ҷашни Наврӯз, ки ба тариқи рамзӣ «Шоми дӯстӣ» номида шуд, воқеаи хотирмон буд. Бешубҳа вуқӯи чунин падидаҳои рӯҳафзо минбаъд дар сарзамини ҳар ду давлат пайваста идома хоҳанд ёфт.
Соли сипаригардида боз як воқеаи муҳим рӯй дод. 17-уми августи соли 2018 дар доираи сафари давлаташон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон - ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардиданд, боиси ифтихор аст.
Субҳи рӯзи 27 сентябри соли 2018 сарварони ду кишвар– Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи Низомиддин Алишер Навоиро ифтитоҳ бахшиданд.
Ин боғи сарсабзу муаттар акунун боз як ифодагари барҷастаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек хоҳад буд.
Имрӯз дӯстию рафоқати ду алломаи бузург–Ҷомию Навоиро ду абармарди хирадманд – Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев давом дода, ба муносибатҳои неки ду халқи бародар файзу таровати тоза мебахшанд. Решаи ин муносибатҳои ҳасана аз чашмаи зулолу мусаффо, ки таърихи тӯлонӣ дорад, об мехӯрад. Бо шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар дӯстии ду халқ– тоҷику ӯзбек рӯз аз рӯз инкишоф ёфта, торҳои он боз ҳам мустаҳкамтар шуда истодаанд. Робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва санъат ба зинаҳои баланд бардошта шуд. Барои тақвияти дӯстии ду халқ уфуқҳои рангоранг кушода шуда, шароити мусоид фароҳам гашт ва анъанаҳои хуб аз нав эҳё гардиданд.
Тоҷикону ӯзбекон ҳамчун бародар ва ҳамсояи наздик дирӯз ҳам, имрӯз ҳам, дар оянда ҳам бе якдигар, бе дасти ёрӣ ба ҳам зиндагӣ карда наметавонанд.
Шубҳае нест, ки ин ҳама иқдомот вобаста ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбанд, боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд. Дарахти дӯстие, ки сарварони ду кишвари бузург шодобаш мекунанд, минбаъд боз ҳам нашъунамо хоҳад ёфт. Оре, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек абадӣ, безавол ва бешикаст аст.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр