Пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурии азизамон соҳаи маориф рӯ ба рушд овард ва марҳила ба марҳила ба комёбиҳои шоиста мушарраф гашт.
Яке аз омилҳои асосии таҳрикбахши фаъолияти соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятнок эълон гардидани он мебошад.
Сарвари кишвар зимни тамоми сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба мактабу маориф зоҳир менамоянд ва барои тақвияти кори аҳли таълиму тарбия, бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Маҳз бо дастурҳои хирадмандонаву маърифатгустаронаи Пешвои миллат солҳои охир бунёди мактабҳои нав ва ба таври замонавӣ муҷаҳҳазсозии онҳо ривоҷ ёфтааст. Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, бори дигар таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллатро ба соҳаи маориф собит намуд. Дар ин Паём Сарвари кишвар хеле дақиқ муайян ва таъкид карданд, ки «таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».
Соҳаи маориф, воқеан ҳам, хеле бавусъату фарогир аст. Тақдири имрӯзу фардои кишвари маҳбубамон ба он вобаста мебошад. Ҳар қадар насли навраси мо тавоною соҳибдонишу навовар бошад, ҳамон қадар ояндаи мамлакат шукуфою мунаввар хоҳад буд. Чунонки дар Паём зикр гардид, тавонотарин неруи соҳаи тақдирсози миллат – маориф омӯзгор мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгоронро мебояд, ки фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, аз фаъолтарин методҳои таълиму тарбия корбаст намоянд, худомӯзиашонро бавусъатмандтар бисозанд. Барои ин баҳри аҳли таълиму тарбия дар кишвар тамоми шароитҳои созгору муҳим фароҳам оварда шудаанд.
Дар таълимгоҳи мо Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҳамоиши васеи омӯзгорон мавриди омӯзиши амиқу ҳаматарафа қарор гирифт. Вобаста ба Паём барномаи махсус таҳия карда шуд, ки давра ба давра амалӣ мешавад. Паёми Пешво дар дарсҳои омӯзгорони тамоми фанҳо низ барои хонандагон шарҳу тафсир дода ҳоҳад шуд.
Ҳаёти сокинони Тоҷикистон сол то сол бештар ободу осоишта ва рангину пешрав мешавад. Ин нуктаро, махсусан, аз Паёмҳои ҳарсолаи Президенти ҷумҳурӣ метавон ба таври хеле рӯшан дарк кард. Паёми имсолаи Пешвои миллат низ аз ин ҷиҳат истисно нест.
Фирӯза Толибова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти асосии умумии №57-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр