Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ - омили ташаккули сатҳи маърифат

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, раҳнамоиҳои дурандешона дар ин бобат ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа - маориф низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мушкилоти онро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ (26.12.2018) иброз доштанд, ки ислоҳоти маориф дар тамоми зинаҳои таълим пайгирӣ хоҳад шуд. Таваҷҷуҳ ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ бошад, бамаротиб зиёд мегардад. Зеро яке аз роҳҳои асосии иҷрои вазифаҳои номбаршуда ба ин зинаи таҳсил вобаста аст. Пешвои миллат қайд карданд, дар се соли оянда 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд. Супориш доданд, ки то соли 2021 фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ба 30% расонда шавад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ривоҷ бахшидани бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома додани ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълимро дар онҳо таъкид карданд. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун донандаи хуби соҳаи маориф иброз доштанд, ки дар ин соҳа «ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад». Нахуст, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дувум, ба талабот номувофиқ будани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳо. Бояд қайд кард, ки ҳар ду ин мушкилот ба ҳамдигар алоқаманданд. Ин аст, ки Пешвои муҳтарами миллат дар назди Вазорати маориф ва илм вазифа гузоштанд, ки аввалан то соли 2020 масъалаи норасоии кадрҳо бояд ҳалли худро ёбад. Ҳамчунин, дастур доданд, ки кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат то омӯзгор, дар қаламрави кишвар бояд ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда шаванд. Дуруст қайд карданд, ки: «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Ин дастур водор менамояд, ки минбаъд фаъолияти марказҳо ва курсҳои такмили ихтисос баланд бардошта шавад. Мебояд таъкид дошт, ки ҳоло ин сохтор ба қадри имкон фаъолияти худро дуруст ба роҳ мондааст. Аммо дар марказ ва курсҳои такмили ихтисос нарасидани муаллимони соҳибкасб, устодони соҳа мушоҳида мешавад. Танҳо баъди ҳалли ин мушкилот метавон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои зикршуда баромад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Пешвои муаззами миллат дар назди ҷавонон борҳо вазифа гузоштаанд, ки онҳо бояд се-чор забони хориҷиро донанд. Дар солҳои охир ба ин мақсад корҳои намоён анҷом дода шуданд ва пешравиҳо назаррасанд. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода маркази тайёр кардани кадрҳои педагогии забонҳои хориҷӣ ва тарҷумонҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, иҷрои ин вазифаҳои муҳим ба уҳдаи мо низ ҳаст. Боиси хурсандист, ки бисёр донишҷӯёни мо дар озмуну намоишгоҳҳои хориҷию ватанӣ ширкат варзида, эътибори Ватани азизро баланд бардоштанд. Шогирдони мо дар тамоми қитъаҳои олам ба кору таҳсил машғуланд, ки ин боиси ифтихори мо, устодони таълимгоҳ, аст.

Бо вуҷуди ин, чи тавре ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём иброз доштанд, ҳарчанд соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба имзо расида буд, натиҷаҳо қаноатбахш нестанд. Сабаб дар чист? Ба андешаи мо, ин аз он вобаста аст, ки ҳамон тавре ки Пешвои муаззами миллат дар оғоз таъкид намуданд, кадрҳои ихтисосманд намерасанд. Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки сифати таълимро дар факултаву шуъбаҳои дахлдор ҷоннок намуда, барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кадрҳои соҳибихтисоси забондон тайёр кунем. Бо мақсади ҳалли масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли равон (2019) барномаи нави такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ ҳеч гоҳ қадру манзалати забони тоҷикиро паст намекунад. Балки ба афзун гаштани шуҳрату эътибори забони тоҷикӣ, намояндагони миллати сарафрози тоҷик мусоидат хоҳад кард.

 

Бахтиёри АБДУРАҲИМ,

 декани факултаи филологияи тоҷики  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

ба номи Сотим Улуғзода,

номзади илми филология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш