27 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муассисаи таълимии томактабии №131 — ро, ки бо тарҳи назаррабо ва дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Муассисаи томактабии мазкур соли 1974 барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда буд. Дар ин муддат ин кӯдакистон ягон маротиба таъмири асосӣ нашуда набуд. Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сохтмони кӯдакистон аз нав ба нақша гирифта шуд. Он бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2000» пудратчӣ — ҶДММ «Ниёз» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои нави кӯдакистони рақами 131 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 110 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар ин боғчаи бачагона тамоми асбобу анҷоми хониш барои машқулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст.
Ин ҷо омӯзиш ба ду забон -тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои таълим ва тарбияи дурусти кӯдакон бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, зеро онҳо ояндаи давлату миллатанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр