27 декабр дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъди навсозӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Навсозии бинои иловагии кӯдакистони №56-и ноҳияи Сино моҳи апрели соли равон оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шудааст. қаблан дар ин муассисаи томактабӣ 160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуд. Баъди бунёди бинои дигар дар муассисаи мазкур барои 280 нафар хонанда шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шуд. Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна, аз ҷумла, 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои бозии кӯдакон ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошад ва бо ҷиҳозу лавозимот ва дигар шароити зарурӣ таъмин аст.
Иншооти дигаре, ки имрӯз баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, муассисаи таҳсилоти томактабии №18-и ноҳияи Сино мебошад. Муассисаи мазкур аз иншооти гуногун, аз ҷумла, 14 ҳуҷраи хоб барои кӯдакон, 14 ҳуҷраи бозӣ, утоқҳои либоскашӣ, машқу таълими мусиқӣ ва гимнастика, гӯшаи табибон ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ саҳни муассисаи томактабӣ низ пурра навсозӣ гардида, дар ҳудуди он 22 айвонча ва гӯшаҳои сершумори бозию дилхушии кӯдакон сохта шудааст.
Дар доираи навсозии муассиса дар он ҳавзи шиноварии барои оббозии кӯдакон дар тамоми фасли сол мутобиқ бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин, баъди навсозии муассиса баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани 320 нафар кӯдак шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Таҳияи Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр