Нашрияи Омӯзгор

Боздид аз мактаб интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.

Муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятими кул, 10 нафар бепарастор, 38 нафар бе модар ва 225 нафар бепадар буда, аз онҳо 78 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷо 55 нафар омӯзгору мураббӣ бо маълумоти олии касбӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 41 нафарашон занон ва 36 нафарро кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд.

Барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе системаи гармидиҳии мактабро пурра таъмир кардааст. Баҳри фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба хонандагон як адад автобуси нав, барои ҳамаи синфхонаҳо тахтаи электронӣ, компютерҳои навтарин тақдим намуд.

Ҳамин тавр, муассиса бо 30 адад тахтаи электронӣ, 65 компютери корӣ, 11 ноутбук ва 76 адад камераи назоратӣ таъмин мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шуд. Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор таъсис ёфтааст ва бо гузашти солҳо шароити будубоши он ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.

Бо дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 соҳибкори ватандӯст, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов иқдом пеш гирифт, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад.

Ҳамин тавр, дар рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш гардид. Ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст таъмир, барои 500 нафар мизу курсиҳо таъмин ва толори барҳавои маҷлис бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.

Дар оянда соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов нақша дорад, ки барои бошандагони мактаб - интернат ҳавзи шиноварӣ, барои омӯзгорон як хобгоҳи замонавӣ ва барои нигаҳдории маводи хӯрокворӣ сардхона, сохта ба истифода диҳад.

Бинои таълимии муассисаи мазкур бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 адад хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 2 майдончаи варзишӣ, 1 толори барҳавои варзишӣ, 2 маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин ҷо тарбиятгирандагон, ҳамчунин, имкон доранд, ки технологияи муосири компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ва толори фарҳангӣ ба таври васеъ истифода намоянд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанпарвар Маҳмудҷон Муродов барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстонаи Сарвари давлат ва анҷоми корҳои хайр изҳори сипос карданд.

Пас аз боздид аз синфхонаҳо ва дигар шароити таълим ва зисти бошандагони мактаб - интернат дар толори зебову мунаққаш Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон мулоқоти самимӣ доир карда, оид ба таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ андешаронӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як нафар тарбиятгирандаи мактаб - интернати рақами 1 туҳфаҳо, аз қабили либоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хониш тақдим карданд.

Мавриди зикр аст, ки  дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2004, 2012 ва 2013 ба аёдати бошандагони Мактаб – интернати рақами 1 омада, бо шароити таълиму зисти онҳо шинос шуда буданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш