Бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бою ғании ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию хештаншиносӣ ва ватандӯстии наслҳои ҷомеа конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Академик Бобоҷон Ғафуров - мутафаккири бузурги Шарқ» бахшида ба 110-умин солгарди аллома Бобоҷон Ғафуров дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид.
Конфронс бо суханронии ректор, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ ёфт.
Ҳамчунин, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов табрикоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конфронс расонид.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимони маъруфи тоҷик Ҳайдаршо Пирумшоев–узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ таҳти унвони “Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди ховаршиносии ҷаҳон”, Шодмон Воҳидов – профессори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Як омили муҳими дӯстӣ ва ягонагии тоҷикон ва ӯзбекон: масъалаи этногенези халқи ӯзбек дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Хориқаи (феномени) ғафуровӣ: ишорае чанд ба чеҳраи аллома Бобоҷон Ғафуров чун олим, мутафаккир, арбоби давлат ва сиёсат” шунида шуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр