Нашрияи Омӯзгор

Майл ба зебоӣ - хоси инсон

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Зебоӣ ва зебоипарастӣ яке аз рукнҳои муҳими Консепсияи миллии тарбия ба ҳисоб меравад. Ин рукн бо назардошти як қатор фанҳои таълимӣ  ва мавзӯъҳои дарсӣ дар ҷараёни таҳсили хонандагон ба инобат гирифта мешавад.

Дар ин самт дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ низ метавонанд барои расидан ба ҳадаф мусоидат намоянд. Инсон ба туфайли  қонуни зебоӣ ба ҳодисаҳои табиат муносибати эстетикӣ карданро ёд гирифта, дарки зебоии манзара, ҳайвоноту наботот, мувофиқати рангҳо, овозҳо, тартибу таносуб ва ғайраро меомӯзад. Бояд гуфт, зебоӣ ба инсон илҳом ва неруи тоза мебахшад, ӯро аз ҳар гуна кору афкори ношоям бозмедорад.

Дуруст аст, ки зебоии зоҳирӣ таассуроти аввалин ба атрофиён аст. Ин зебоиро чеҳраи покиза, сару либоси  мувофиқ ва лаҳни ширин ҷаззобтар мегардонад. Мутаассифона, иддае  бо тарзи номувофиқи либоспӯшӣ ва ё гуфтори дағалу дилхарош зебоии чеҳраи худро беарзиш мегардонанд. Фаромӯш набояд кард, ки ин ҷиҳатро сарфи назар кардан бар зарари худи шахс аст. Ин маъниро дар машғулиятҳо тавассути саҳначаҳои ҷолиб ва пандҳои бузургон ба шогирдон тавзеҳ дода метавонем.  Адабу шарм  ҳам зеби инсон аст. Кӯшидан даркор, ки фарзандон зебогуфтор бошанд. Дар ин самт саҳми волидон, бахусус,  нақши падар бештар аст. Яъне, худи онҳо бояд аз гуфтори фаҳшу нораво дар ҳузури фарзандон худдорӣ кунанд, зеро дар зеҳни бача чунин тарзи баён нақш баста, минбаъд худро ислоҳ карда наметавонад. Ба андешаи ман, ҳар омӯзгорро зарур аст, ки барои тарбияи хуби шогирдон дар рӯҳияи зебоипарастӣ  аз талаботи санаду қонунҳои мавҷудаи соҳаи маориф кор гиранд. Гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ ё  чорабиниҳои  беруназсинфӣ ба инкишофи зинаҳои нахустини ташаккули шахсияти кӯдак, ривоҷ додани шавқи маърифатҷӯии онҳо, фаъолияти таълимии  бачаҳо, маданияти сухан, хулқу одоб, дӯст доштани падару модар, Ватан ва забони модарӣ ёрии калон мерасонанд.

Чорабиниҳои беруназсинфие, ки дар мактабамон гузаронида  мешаванд,  дар касбинтихобкунии хонандагон нақши муассир мебозанд. Таълими фанҳои забону адабиёт, санъату меҳнат, мусиқӣ ва варзиш воситаи хуби тарбияи зебоипарастист.      

 

Назира САИДОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти

мактаби №60, ноҳияи  Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш