Нашрияи Омӯзгор

«Нақши борон»

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ҳабибулло Бобоев  зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки дар мактаби №27, деҳаи Метки  ноҳияи Деваштич омӯзгори таърих ва ҳуқуқ мебошад. Дар вақтҳои фориғ аз кор ба эҷоди шеър низ машғул аст. То ин дам маҷмӯаҳои шеъриаш бо номҳои «Обшори сабз» (с. 2004), «Шаҳди шабнам» (с. 2006), «Маснади нур» (с. 2011) ба дасти хонандагон расидаанд. Ҳ. Бобоев, ҳамчунин, муаллифи даҳҳо мақолаи илмӣ – методӣ ва оммавӣ мебошад, ки аксари онҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба табъ расидаанд.

Ба наздикӣ маҷмӯаи нави шеърҳои ӯ бо номи «Нақши борон» тавассути чопхонаи «Хуросон» дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расид. «Нақши борон» фарогири навиштаҳои солҳои охири шоир ва омӯзгор Ҳ. Бобоев мебошад, ки бештар мавзӯъҳои об, тараннуми  манзараҳову комёбиҳои Ватани азиз, ишқи поку беолоиш, ахлоқи волои инсон, даъват ба некиву некукорӣ, ҷавонмардиву меҳнатдӯстӣ, худшиносиву панду андарзро дар бар мегиранд.   

 

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,

донишҷӯи факултаи

журналистикаи ДДХ

ба номи академик

Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш