Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар баргузории ҷашну маросимҳо исрофкорию зиёдаравӣ ҷой дорад. Яке аз маросими оилавии серхароҷот ва сертараддуд тӯйи домодию арусӣ мебошад.
Дар баргузории ин ҷашн зиёдаравию исрофкорӣ аз ҷониби бисёр шаҳрвандон содир мешавад, ки ин сабаби камбағалӣ ва қарздорӣ мешавад. Пас аз сипарӣ гаштани як-ду моҳ вазъияти оилавии ин гуна оилаҳо бад мешавад ва соҳибҷашн барои пардохти қарз овораю саргардон шуда, агар ҷавон бошад, илоҷро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинад. Ин ҳол дар ҷомеаи кунунӣ бисёр мушоҳида мешавад. Кор ба ҷое мерасад, ки бо чунин сабабҳо ҷавонписарон таҳсилро дар муассисаҳои олӣ қатъ мекунанд ва дубора имкони барқарор кардан намеёбанд. Ва бадтар, ин омил, ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад.
Аламовараш ин аст, ки мо дари кайҳо кушодаро аз нав кушоданӣ мешавем. Охир, ин масъалаҳо кайҳо дар асарҳои безаволи фарҳангпарварону мутафаккирони бузурги мо зикр шудааст, аз ҷумла, дар осори устод Садриддин Айнӣ.
Асари дар зикри масоили зиндагӣ ҳикматбори устод Айнӣ «Ёддоштҳо»-и ӯ мебошад. Дар асар тамоми масъалаҳои оиладорию рӯзгордорӣ зикр гардидааст. Дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» устод Айнӣ дар боби «Саёҳати саҳро» аҳволи як оиларо зикр мекунад, ки бо сабаби гирифтани қарз барои хонадор шудани фарзандаш тамоман қашшоқ шуда, аз хонаю дар ва боғ маҳрум мемонад ва зиндагӣ дар оила гарон мегардад. Нурмуҳаммад се писар дошт ва вазъи оилавиашон хуб буд. Бо гирифтани қарз барои тӯй ҳаёти пурмоҷарои ин оила сар мешавад. Устод Айнӣ ин воқеаро аз забони Нурмуҳаммад овардааст. Нурмуҳаммад баъди ҳаёти хушу хурсандонаи худро ба Айнии ҷавон нақл кардан гардиши воқеаро чунин баён кардааст:
«Аммо он рӯзҳо (рӯзҳои хурсандӣ ва осудагӣ – Ш. Ҷ.) дер давом накард: писари калониро хонадор кардан даркор шуд. Арбоб шуданд, оқсақол шуданд, калону хурд ба миёна даромаданду маҳру тӯёнаи арӯсро аз ҳад зиёд калон карданд. Ба болои ин, байни фотиҳа ва сартӯии никоҳро се сол кашол доданд. Дар муддати ин се сол ҳар иду сайре, ки мешуд, дар бурду овард ба хонаи арӯс аз ман баробари он харҷе, ки падарам ба хонадории ман сарф карда буд, пул харҷ мешуд. Аз ман дар он тӯй даҳ ҳазор танга пул рафт, ки се ҳазор тангаи он қарз буд».
Ба ин минвол, зиндагии онҳо бо гирифтани қарз ва афзудани харҷи оилавӣ вазнин мешавад. Дар соли дуюми тӯй, ки ҳоло қарзро адо накардаанд, оилаи Нурмуҳаммад бо маслиҳати якдигар писари дуюмро хонадор карданӣ мешаванд. Ин тӯй низ бо пули қарз барпо мегардад, ки бадбахтии зиёдеро барои оила пеш меоварад. Маълум аст, ки он вақт қарзҳо аз судхӯрон гирифта мешуд ва онҳо бисёр маккор ва беинсоф буданд. Нурмуҳаммад низ ба дасти чунин маккоре афтода буд. Қарзи тӯйи дуюм аз аввала зиёдтар шуда, имкони пардохт ҳам аз рафта қариб намонда буд. Воқеаро Нурмуҳаммад чунин шарҳ додааст:
«Замона ҳам сахт шуда буд. «Бурду овард» бисёр шуд. Аловуддин, (касе, ки Нурмуҳаммад аз ӯ қарз гирифтааст - Ш. Ҷ.) базмӣ будааст, ғайр аз созандаҳои шаҳр, аз Вобканду Ғиҷдувон созанда оварда базми калон кард. Мани бадбахт саргарми тӯй шуда, ҳеҷ чизро ба ҳисоб нагирифтам. Дар охир Аловуддин ҳисоб дод, ки ғайр аз чизҳои аз хонаи худам сарфшудагӣ боз аз Аловуддин панҷ ҳазор танга қарздор шудаам».
Устод Садриддин Айнӣ зиндагонии ғамангези оилаи Нурмуҳаммадро, ки баъд аз гирифтани қарзи дуюм вазнинтар мешавад, яъне аз панҷ ҳазор то понздаҳ ҳазор танга мерасад, зикр карда, дар охири ин қисса чунин мегӯяд: «Дар тирамоҳ маҷбур мешавам, ки кӯчи худро ба кӯча барорам, чунки понздаҳ ҳазор танга он тараф истад, панҷ ҳазор ҳам ёфта дода наметавонам, - гӯён ҳиққос зада, ба тарафи ҳавлии дарунаш рафт. Гиря гулӯи ӯро гирифта буд».
Ҳадафи ин мисолҳо он аст, ки ҳар як шахс бояд дар зиндагӣ сарфакор ва дурандеш бошад. Зеро зиндагӣ худ пайроҳаи ноҳамворе мебошад, ки агар бо ғайрату дурандеш набошӣ, ба зиндони бадбахтӣ ва нотавонӣ гирифтор хоҳӣ монд.
Бовар дорем, ки мардуми бофазлу дурандеши мо ҳақиқати масъаларо мефаҳмад ва дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз дилу ҷон мекӯшад.
Шамшоди ҶАМШЕД,
ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр