Шумораи тозаи маҷаллаи «Адаб» - нашрияи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» ба дасти муштариён расид. Ин шумора бо мақолаи узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ «Мавлоно - мутафаккири инсонгаро ва шоири инсонсаро» оғоз меёбад.
Дар бахши «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» нигоштаҳои мавлоношиноси амрикоӣ, устоди Донишгоҳи Чикаго Франклин Луис «Чаро амрикоиён Мавлоноро дӯст медоранд?», профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев «Таҳқиқи рӯзгор ва осори Сайидои Насафӣ ва дурнамои он дар илми адабиётшиносӣ» ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Субҳон Амирзода «Таҷдиди назар ба усули омӯзиши мактаби адабии Аҳмади Дониш» мунташир шудаанд.
Бахши «Машриқу Мағриб»-ро мақолаҳои унвонҷӯ Назира Шамсиддинова «Қиёси татбиқи ду тазкира», дотсент Абдурашид Самадов «Корвони ҳулла ва масири Ғарб», номзади илми филология Аҳмад Ҳоҷизода «Ҳамкориҳои пурсамари илмии ду муҳаққиқ» оро медиҳанд. Меҳмони маҳфили «Анҷуманоро»-и маҷалла профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ ба пурсишҳои муҳаққиқ Дилшоди Фарҳодзод посухҳои самимиву боэътимод медиҳад. Ҳамчунин, дар ин бахш ба муносибати ҳаштодумин солгарди умри муҳаққиқ Ҳамроқул Шодиқулов ва мутарҷим Ҳикмат Раҳмат мусоҳибаи пурмуҳтавое бо эшон таҳти унвони «Тарҷумонӣ ҳам эҷодкорист» чоп шудааст.
Донишмандони тоҷик Шоҳзамон Раҳмон ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ дар мақолае бо номи «Устоди зиндадил ва бузургманиш» корномаи илмии муҳаққиқи тавоно шодравон Алиқул Девонақуловро баршумурдаанд. Хонандагон аз бахши «Сеҳри ҳалол» матолиби хондание таҳти унвони «Фёдор Достоевский: Агар Худо набошад, инсон иҷозаи ҳар кори хилоферо меёбад»-ро дар таҳқиқи Шодӣ Шокирзода ва нигоштаи нависанда Қодири Рустам «Акутагава - мероси бузурги умри кӯтоҳ», аз қисмати «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» ҳикояи Рюноскэ Акутагава «Момотаро», васиятномаи Габриэл Гарсиа Маркес ва як ҳикояи ӯ «Зеботарин ғарқшудаи ҷаҳон»-ро мутолиа карда метавонанд. Дар қисмати ниҳоии маҷалла «Арзишдоварӣ» тақризи профессор Матлубаи Мирзоюнус «Девони Саҳбо – армуғони арзишманд» мунташир шудааст. Ҳамчунин аз ин шумора метавон бо мухтасари шарҳи ҳол ва намунаи осори шоири маъруф Раҳии Муъаййирӣ ошноӣ пайдо кард.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр