Нашрияи Омӯзгор

Тасвири воқеоти ибратомӯз

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Ҳар деҳа як гӯшаи хурди Ватан ба шумо рафта, дар он одамони меҳнатдӯст, мардуми ботамкину меҳанпараст ва хоксору покзамир зиндагӣ мекунанд. Бештари зиёиёни эҷодкор аз ҳаёти сокинони деҳот хислатҳои неки инсониро омӯхта, баъдан сокинони шаҳр шуда, дар ҳамин замина ба эҷодкорӣ даст задаанд.

Дар пасманзари ин ақида адиб Зариф Ғулом низ истисно нест. Ӯ солҳои зиёде дар деҳа зиста, пасон рӯ ба шаҳр овардаву ҳаёти сокинони деҳотро ба риштаи тасвир кашидааст.

Чанд намунае вобаста ба ин гуфтаҳо аз эҷодиёти нависанда меорем.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта дар водии Вахш баъзе касон ба назар мерасиданд, ки бо худ мор гирифта мегаштанд. Инро нависанда дар ҳикояи «Морбоз» хеле ҷолиб тасвир намудааст:

«- Гурез, мардум мегӯяд, ки ту морбоз мебошӣ. Вале ман бовар намекунам, охир, ту куҷою морбоз буданат куҷо. Афту андомат ҳам ба морбоз монанд нест. О, ҳеҷ набошад, як қаду басти бузургтар медоштӣ. Харобаки нотавон. Агар морбоз бошӣ, ана дар шоҳидии ҳамин одамон мориатро нишон деҳ.

Раҳмон дастакзанону масхаракунон пеши роҳи подаро баст.

 Гурез таънаю мазаммати даъвогариро бо чеҳраи хандон гӯш дода гуфт:

 - Агар морро нишон диҳам, тарсида намегурезӣ?- ва тугмаи куртаи аскариашро ба кушодан даромад.

 - Ман метарсам?- худро далер нишон дод Раҳмон ва қафаси синаашро дамонд. - Чӣ, ман морро надидаам? Эҳ-ҳе, хестӣ, ки хобӣ. Рӯзи гузашта дар қитъаи заминам ду морро куштам.

- Чаро ин ҷонвари фоидаоварро мекушӣ?- авзои Гурез ба якборагӣ тағйир ёфт ва ба ҷои табассум дар чеҳрааш чинҳои зиёде пайдо шуданд. Ва ӯ бо шитоб аз куртааш сари мори сафедро бароварда, ба ҷониби Раҳмон ду қадам монд. Ӯ аз тарс доду войкунон ба сӯи хонаашон гурехт.

 - Ин хазанда ҳеҷ гоҳ ба инсон зарар намерасонад. Бесабаб аз замони қадим морро рамзи тиб қабул накардаанд...» (Рӯзномаи «Наврӯзи Ватан» 26-уми июни соли 1993) № 17 саҳ. 4.

 Воқеан, Гурез морбоз набуд. Чун морбози ҳақиқӣ ин хазандаро барои ҳар гуна амалҳои ҳайратовар истифода намебурд. Ӯ табиатро ҳифз мекард ва барои ҳамин бо мор дӯстӣ дошт. Ҷонвари безабон ва нодирро ҳамеша бо худ гирифта мегашт.

Ва чун чарогоҳи деҳаро ба майдони пахтазор табдил доданд, қаҳрамони морбоз тарки вазифа намуда, ноилоҷ аз дӯсти безабонаш ҷудо шуд. Аммо симои хандони ин марди наҷиб ва табиатдӯстии ӯ то ҳол дар хотири мо, деҳотиён, боқӣ мондааст…

«Субҳи барвақт овози ҷарангосии духтараки пахмоқмӯй, сарлучу пойбараҳна моро аз хоби ноз бедор мекард ва мо дарҳол зери шикояту мазаммати волидайн мемондем.

 Ана, шунидед, Гадобегим сурудхонон ба мактаб мераваду шумои танбалу дарсгурез то ҳол сар аз болин намебардоред. Ин духтарак хонда, соҳиби касби муносиб мегардаду аз дасти шумо ҳеҷ бало намеояд.

 Ва, дар ҳақиқат, ҳамин тавр шуд. Директори мактаб Ҳикмат Исоев қобилияти сарояндагии Гадобегим Тоироваро ба назар гирифта, ӯро ба омӯзишгоҳи маданӣ- равшаннамоии ноҳия Рӯдакӣ дохил кунонд.

Ин духтараки деҳотӣ баъдан бо ҳамроҳии бастакори номдор Фаттоҳ Одина Консерваторияи ба номи Чайковскии шаҳри Москваро хатм карда, ҳамчун солисти овозхон дар дастаи хории ба номи Александров солҳои зиёде фаъолият дошт. Ҳоло дар пойтахти Россия давлати пирӣ меронад...»

Адиб Зариф Ғулом саргузашти ҳунарманди асил Гадобегим Тоироваро бо маҳорати баланди бадеӣ дар «Қиссаи мерос» (Маҷаллаи «Садои Шарқ», №7, соли 2010) ба риштаи наср кашида, ҳаёти пурпечутобу пурмоҷарои духтараки деҳотро хотирмон тасвир намудааст.

Моҳи августи соли 1992 рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» аввалин ҳикояи адибро ба номи «Валадуззино» чоп кард. Ин ҳикоя ба фаъолияти нахустин омӯзгори деҳа Мухтор Хоҷаев бахшида шудааст. Ӯ соли 1927 аз шаҳри Намангон ба водии Вахш омада, дар деҳа мактаб кушод ва ба таълиму тарбияи фарзандони муҳоҷирон даст зад. Новобаста аз шароити номусоиди зисту рӯзгор ин омӯзгори асил тифли зани гумроҳшударо барои ба номи некаш иснод наовардан ба фарзандӣ қабул карда, ба воя мерасонад. Пас аз ҳаждаҳ сол модари аз кирдораш пушаймон дар сари гӯри муаллим болои сари духтараш, ки аз мардум пинҳонӣ ба қабристон омадааст, рост мешавад ва нолаву шевани ӯро мешунавад.

«- Алвидоъ, падарҷон! Илоҳӣ, ҷоят ҷаннат шавад! Қасам мехӯрам, ки номи некатро ҳамеша пос медорам.

Муътабар сар болои гӯр гузошт, ашк рехт.

- Мухтор падарат набуд, - овози зан ларзон ва аламнок садо дод ва Муътабар гардан тофта, зани рангпаридаю лоғарандомеро дид. Лекин аз падар зиёдтар ба ту меҳрубон буд.

Зан дар паҳлуи Муътабар ба зону зад ва қиссаи зани раҳгумзадаро ҳикоя кард...»

 Таҳлилу омӯзиши асарҳои номбаршуда касро ба чунин хулоса меорад, ки қаҳрамонони асарҳои адибон аслан бофта нестанд. Онҳо дар ҳар деҳа, дар паҳлуи мо зиндагӣ доранд. Чун адиб Зариф Ғулом дидаи равшан доштан лозим аст, то ки хислатҳои нек ва рафтори шоистаи онҳоро мушоҳида ва тасвир намоӣ.

 Умуман, силсилаи калони асарҳои адиб ба ҳаёти мардуми як деҳа бахшида шудаанд ва далели рӯшани ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури амиқ, фикру андешаи тоза ва маҳорати хоссаи ӯ мебошанд.

  Абдуҷаббор АБДУРАҲИМОВ,

 мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Дӯстӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш