Ман устод Нуралӣ Каримовро аз соли 1989 мешиносам.
Он сол хонандаи синфи 9-ум будам. Муаллим Каримов ба мо, шогирдон, аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс медоданд, роҳбари синфамон низ буданд.
Мо, хонандагон, дарсҳои устодро бо шавқу завқ интизор мешудем.
Устод дарсҳои худро пурмазмуну шавқовар ва бо истифодаи бозиҳои гуногун, инчунин, бо асбобҳои аёнӣ мегузаштанд, мавзӯи дарсро бо маҳорати баланд ва бо тамоми ҷузъиёташ ба хонандагон фаҳмонда медоданд.
Тарзи дарсдиҳии устодамро ҳоло ман дар машғулиятҳоям бо шогирдон истифода мебарам.
Дар дарсҳои адабиёт ончунон бо маҳорату санъати баланд сухан меронданд, ки мо худро дар давраҳои зиндагии шоирону нависандагон ва иштирокчии ҳодисаю воқеаҳо тасаввур мекардем.
Устод доимо шогирдонро ба риояи покизагии забон, бо забони адабӣ сухан кардан ва аз таъриху фарҳанги ниёгонамон бохабар будан даъват мекарданд.
Ҳоло бо устоди хеш паҳлу ба паҳлу дар як мактаб кор мекунам. Устод ҳамоно бо азму иродаи қавӣ фаъолият доранд ва ҳар амалашон ибратбахшу омӯзанда аст.
Муаллим чун анъана дар давоми ҳар соли таҳсил 3-4 маротиба дарсҳои кушод мегузаронанд ва мо, омӯзгорон, аз дарсҳояшон таҷриба, сабақ меомӯзем.
Натиҷаи чунин заҳмат-ҳои пурғановати устод Нуралӣ Каримов аст, ки бисёр шогирдонашон аз пайи он кас рафта, омӯзгориро касби худ қарор доданд.
Ман аз устод бисёр нозукиҳои пешаи омӯзгориро омӯхтам ва меҳрам ба ин касби пурифтихор бештар шуд. Воқеан, ҷавонӣ айёмест, ки ояндаи инсон аз он вобаста аст. Агар инсон дар чунин синну сол ба роҳи дуруст равад, китоб хонад, дониш андӯзад, бурд мекунад, вагарна раҳгум мезанаду дар гирдоби балоҳо ғарқ мешавад.
Ин аст чанд сухани мухтасар оид ба омӯзгори варзидаву соҳибтаҷриба ва ғамхори ҷавономӯзгорон Нуралӣ Каримов, ки пас-тиву баландиҳои зиёдеро дида, як умр ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд.
Имрӯз синнаш ба 73 расида, ба нафақа баромадааст, вале ҳамеша кӯшиш дорад, ба одамон манфиате расонад, хусусан, ба наврасону ҷавонон. Ҳар куҷое ки бо ҷавонон дучор ояд, ба насиҳат мепардозад, роҳи саодати зиндагиро нишон медиҳад. Ҳамзамон, вақте ба ҷавонон менигарад, айёми шубобаш ба хотир меояд. Имрӯз Нуралӣ Каримов даври пирӣ меронад ва хушҳол аст, ки ниҳолони парваридааш боровар гаштаанд. Ӯ ҳамеша дуо мекунад, ки фарзандону наберагон дар зиндагӣ собитқадам бошанд, дар роҳи рост қадам зананд ва илму дониш андӯхта, ҳамчун шахсони бомаърифат ва баору номус ба ҷамъият хизмат намоянд.
Ҳалима КАМОЛОВА,
омӯзгори забопу
адабиёти тоҷики мактаби №70-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр