Тоҷиконро аз қадим ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Бояд гуфт, ки барои ба ин маснаду мақом сазовор гаштан ниёгони мо дар гузашта басо ранҷ бурдаву заҳматҳо кашидаанд. Маҳз забони модарии мо, забони ноби тоҷикӣ, забони Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз моро дар арсаи таърих шуҳратманду овозадор гардонидааст.
Мутаассифона, имрӯз ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ҷавонони мо алфози дурушту гуфтори дағалро истифода мекунанд. Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳои шаҳр борҳо шоҳиди он гаштаем, ки афроди беандеша гӯё дар ҷойи ҷамъиятӣ қарор доштани худро фаромӯш карда бошанд, бо овози баланд сухан мегӯянду беҷо механданд ва дар суҳбатҳояшон алфози дуруштро ба забон меоранд. Ҳатто ҳангоми ба забон овардани суханҳои қабеҳ заррае хиҷолат намекашанд. Ба рафтори номақбули чунин ҷавонон нигариста, инсон дарк мекунад, ки онҳо аз осори пурғановати гузаштагонамон бӯе набурдаанд, шояд сатре ҳам мутолиа накардаанд.
Ногуфта намонад, ки дар боби ҳусни баён ва одоби сухан бузургони мо афкори арзишманду ибратбахше доранд, ки ба наврасон омӯзондану дар зеҳну шуури онон ҷой кардани намудани ин ҳикматҳои ниёгон вазифаи мо, омӯзгорон будаву ҳаст. Дар ин масъала волидайни хонандагон ва аҳли ҷомеа бояд бетарафиро як сӯ гузошта, бо омӯзгорон ҳамкории судмандро ба роҳ монанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем насли хештаншиносу ояндасоз, забондону забондӯст ва фарҳангию ободкорро ба воя расонем. Низомии Ганҷавӣ бамаврид гуфтааст:
Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,
Чу зар санҷида в-он гоҳ харҷ кардан.
Тамила ОРИФОВА,
омӯзгори мактаби №36-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр