Баҳори соли 1966 риёзиомӯзони Донишгоҳи шаҳри Воронеж Темур Собиров ва Окимбек Хосабеков барои муқоиса ва муайян кардани қурби натиҷаҳои илмии худ, кор бо маъхазҳои китобхонаи марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муддате ба шаҳри Москва омада, тавассути донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳи асосии Донишгоҳи Москва ба номи М.В. Ломоносов ҷой гирифтанд.
Он замон дар курси 4-уми факултаи математикаи ҳамин донишгоҳ таҳсил мекардам. Ман доир ба истеъдоди фавқулоддаи Темур Собиров дар математика огоҳӣ дошта, муштоқи дидор ва суҳбаташон будам. ҳар бегоҳ баъди баргашт аз китобхона бо ҳам доир ба паҳлуҳои математика, таърих, адабиёт, анъанаҳои миллиамон суҳбатҳои тӯлонӣ доштем. Ҳамон вақт номи Бекназар Имомназаровро аввалин маротиба шунидам ва гуфтанд, ки вай дар арафаи ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ аст. Ҳангоми баргаштан меҳмонон моро ба шаҳри Воронеж таклиф намуданд. Тирамоҳи ҳамон сол ҳамроҳи аспирант Исмат Кенҷаев (дар авҷи камолоти эҷодии илмӣ, дар арафаи ба охир расонидани рисолаи докторӣ, аз садамаи нақлиёт дар соли 1973 дунёро падруд гуфтанд) ба шаҳри Воронеж омадем.
Маълум шуд, ки мо ба тантанаи ҳимояи рисолаҳои номзадии тоҷикписарон Темур Собиров ва Бекназар Имомназаров таклиф шудаем. Ҳар ду ҳимоя дар як рӯз дар сатҳи олӣ гузашт. Он замон ҳимояи рисола таҳаввулоти илмӣ ҳисоб мешуд, чунки соҳибунвонҳо ангуштшумор буданд. Рисолаи Бекназар Имомназаров ба назарияи муодилаҳои операторӣ дар фазоҳои метрикӣ бо конусҳо бахшида шуда буд. Аниқаш, ӯ чанд усули тақрибии ёфтани ҳалро дар чунин фазоҳо пешниҳод намуда буд, ки онҳо доираи татбиқи принсипи нуқтаи беҳаракати риёзидони Полша Стефан Банахро васеъ менамуданд.
Ман бо як зумра фарзандони Бадахшон дар хонаҳои бачагон ҳамроҳ тарбия ёфта калон шуда будам ва нисбат ба мардуми ин диёр эҳтироми зиёд доштам ва ҳоло ҳам дорам. Бекназар Имомназаров бародарвор бо соҳибунвон шуданаш табрик намуда, портфели чарминеро, ки аз Москва бурда будам, тақдимаш кардам. Орзу кардем, ки ин портфел барои ҷой кардани асарҳои дар оянда таълиф мекардааш камӣ намояд. Моҳе пас дар бозгашт ба шаҳри Душанбе дар хобгоҳи мо меҳмон шуд, мо ӯро то Домодедово гусел намудем. Дар ёд дорам, чӣ тавр ба эҳсосот ва боварӣ доир ба амалҳои дар нақша доштааш сухан меронд. Ба назар менамуд, ки ин мард барои расидан ба мақсади ниҳоӣ тайёр аст, кӯҳро талқон кунад.
Бароям тирамоҳи соли 1970, ки Б. Имомназаров барои таҳсил дар курсҳои бозомӯзӣ ба муҳлати 4 моҳ ба Донишгоҳи Москва омада буд, ниҳоят хотирмон аст. Ин даврае буд, ки натиҷаи кори илмӣ таҳсили 8-соларо бояд ҷамъбаст мекардам. Дар ҳамаи маҳфилҳои илмие, ки бо ин мақсад бояд баромад мекардам, ӯ пеш аз ҳама ҳозир мешуд ва бо луқмаҳои шӯху шакарбори худ хотири ҳозиринро шод мекард. Бузургии ин мард дар он буд, ки дар ҳар гуна вазъият кас дар намуди зоҳирии ӯ хастагӣ, ноумедӣ, парешонӣ, нобовариро ҳис намекард. Бекназар барои мо рафиқони ҳамкасбаш манбаи энергияи созандагӣ буд.
Иштирок дар ин маҳфилҳо, ки ба онҳо асосан академик А.Н.Тихонов сарварӣ мекард, Бекназарро ба хулоса овард, ки самти тадқиқоташро бояд иваз намояд. Соли 1972 баъди ба Душанбе баргаштанам, маро ба хонааш даъват намуда, дар аввал портфели туҳфа кардаамро нишон дод ва гуфт, ки навиштаҷоташ ҳанӯз онро пур намекунад. Гуфт, ки татбиқи назарияи конусхо ҳоло қурби баланд надорад ва бозомӯзӣ дар Донишгоҳи Москва ӯро ба хулоса овардааст, ки ба тадқиқоти назарияи масъалаҳои ғайрикорректӣ машғул шавад. Чунки дар он натиҷаҳо тааҷҷубоваранд, доираи васеи татбиқи амалӣ доранд ва ҳоло ин шохаи математика машҳур буда, мудшуда аст. Боз гуфт, ки дар Душанбе, Воронеж, Ленинград, Киев, Москва таҳсили илм кардааст ва акнун роҳи Новосибирскро пеш мегирад ва аз он ҷой доктори илму профессор шуда бармегардад. Ин иқдоми Бекназар ҷасорати илмӣ буд. Вай, ки дар илми масъалаҳои ғайрикорректӣ ҳанӯз навкор буд, гузоштани чунин мақсад аз тарафи ӯ дар назди худ, дар назари аввал фикри бемаънӣ менамуд. Вале вай ба шаҳри Новосибирск, ба маркази сеюми илмии мамлакат, ки дар он ҷой ин назария офарида мешуд, барои таҳқиқ миён баста рафт ва дар муҳлати зарурӣ рисолаи докториро болои миз гузошт. Натиҷаҳои ба дастовардааш назаррас буданд. Масалан, назария доир ба масъалаи нақлиёти муттасил пешниҳод кардааш муддати тӯлонӣ дар маркази диққати мутахассисони соҳа буд. Афсӯс, бисёр афсус, ки аз сабабҳои субъективӣ ин натиҷаҳо ҳимоя нашуданд.
Ёд дорам, моҳи сентябри соли 1981 ҳарду дар мактаб-семинари умумиттифоқӣ, ки онро академикҳо А.Н. Тихонов ва М.М. Лаврентев дар шаҳри Нооруси Эстония баргузор карда будаанд, иштирок доштем. Бекназар бегоҳии рӯзи пӯшидашавии семинар доир ба мушкилиҳои сунъие, ки барои ҳимояи рисолаи илмӣ баъзе ҳамкорон ва ҳамкасбон эҷод карда буданд, нақл намуд. Бо розигии ӯ ман ин мушкилиҳоро ба Андрей Николаевич расонидам. Вай роҳи мушаххаси ҳалли мушкилотро нишон дод. Вале тақозои замон имконият надод, ки бародар Бекназар дар ин роҳ кадам зада, онро тай намояд.
Тобистони соли 1997 ӯро дар кӯчаи Душанбе аввалин маротиба ошуфтахотир дидам. Ба хона омадем, гуфт, аз Қӯрғонтеппа, аз дидани вазъи хонаам омада истодаам. Гуфт, ки портфели тақдимкардаатро рабудаанд. Боз гуфт, занеро дар бозор дидам, ки варақҳои китоберо даронда офтобпараст мепечонид. Наздик шудам, бинам, китоби нодири хонадонам аст. Инро гуфту оҳи вазнине кашид. Ҳар ду дуру дароз хомӯш мондем.
Баъде чанде шунидам, ки дили ин марди бузург, тоҷики асил, донишманд, мутарҷим, профессор Бекназар Имомназаров чунин ҷаҳолатро бардошта натавонистааст.
Боймурод АЛИЕВ,
дотсенти ДМТ, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф,
Корманди шоистаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
соли 2008
Иловакунӣ
Иловакунии фикр