Нашрияи Омӯзгор

Калиди дари ганҷ

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Афроде, ки 3-4 ва ҳатто бештар аз 10 забонро медонанд, кам нестанд. Ин гуна ашхосро ба истилоҳ, полиглот меноманд. Вале барои омӯхтани забони дигар, пеш аз ҳама, забони модарии хешро бояд ба хубӣ донист. Бунёди омӯзиши забонҳои дигар бар пояи донистани забони модарӣ аст.

Дар кишвари мо ҳамчун забони хориҷӣ, беш аз ҳама, ба таълиму тадриси забони русӣ, ки яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои англисӣ ва русӣ ва баланд бардоштани завқи забондонии ҷавонону наврасон эътибори махсус зоҳир кардан аз дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзишу таълиму тадрис ва эҳтироми забони русӣ ба сифати як забони бонуфузи байналмилалӣ тадбирҳои ҳадафманд ба амал бароварда мешаванд. Ҳамасола рӯзи 6-уми июн Рӯзи байналмилалии забони русӣ дар мамлакат таҷлил карда мешавад, ки он ба рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти классикии рус А.С. Пушкин рост меояд. Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз Федератсияи Россия баҳри ҷоннок кардани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгорони ботаҷриба баҳри кор ҷалб гардиданд. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест. Зарурати боз ҳам таҳким бахшидани сифати таълими забони русӣ, зиёд кардани миқдори соатҳои таълими он ҷой дорад, ки инро Сарвари давлат ҳам, аз ҷумла, дар Паёми охирини худ таъкид карданд.

Забондонӣ боиси сарфарозию номдории кас, сабаби иззат ёфтану ҳалли мушкилоташ, омили афзунии ризқу рӯзияш дар ҳама замону макон мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи моро, минҷумла омӯзгоронро, зарур аст, ки баҳри забондонии шогирдону фарзандон, бахусус, дар таълиму омӯзиши забони русӣ кӯшиши бештар кунем.

Ҳабиба Зиёева,

омӯзгори

мактаби №61,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш