Нашрияи Омӯзгор

Насиҳат ба фарзанд

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 763        Шарҳ: 0

(Таҳлили як дарс дар синфи 3 аз фанни забони модарӣ)

Ҳангоми таълими мавзӯи «Ҷумла. Эҳтироми падару модар ва омӯзгор» дар дарси забони модарӣ дар синфи сеюм шеъри Розия Озод «Насиҳат ба фарзанд» омӯзонида мешавад. Хонандагонро бо ҳадафу ғояи шеъри мазкур шинос намуда, сараввал онро якҷо бо шогирдон қироат ва таҳлилу маънидод мекунем. Шеър бо мисраъҳои зерин оғоз мешавад:

Мекунам бар ту насиҳат,

эй писарҷон, гӯш дор,

Модари пурдидаат гӯяд

суханҳо, ҳуш дор.

Аз хонандагон тариқи саволҳо пурсон мешавам, ки шоира дар шеъри худ ба кӣ муроҷиат мекунад? Насиҳати модарро ба фарзанд пеши назар оварда, гӯед, ки модаратон шуморо ҳамин тавр панду насиҳат мекунад? Вожаю таркибҳои мушкилфаҳмро тафсиру тавзеҳ мебахшам. Дар байти аввал шоира ба фарзандаш хитоб карда мегӯяд, ки туро насиҳат мекунам, чунки ман пурдидаам. (яъне таҷрибаи ғании зиндагӣ дорам). Барои туро ба воя расондан азобу ранҷҳои бешумор кашидам. Шабҳо нахобида, туро дар гаҳвора алла гуфта хобондам. Ҳарфу ҳиҷо ва лафзи модариро омӯзондамат ва вақте калон шудӣ, насиҳатат кардам, ки бояд ту ба мактаб равӣ. Мактаб даргоҳи муқаддасест, ки ба кас ҳарфу савод ва илму дониш меомӯзонад. Ҳамчунин шахс дар мактаб тарбияи дуруст мегирад. Вақте ки ба суханони омӯзгор гӯш додию супоришҳои ӯро сари вақт иҷро намудӣ, босаводу намунаи ибрати дигар хонандагон мешавӣ. Баъди хатми таълимгоҳ дар мактабҳои олӣ бо муваффақият таҳсил намуда, соҳиби касбу пеша мешавӣ. Илму дониш ба хотири дар амал татбиқ кардани он омӯхта мешавад. Аз ин рӯ, бо меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, хоксорию кордонӣ бояд дар байни мардум ном барорию обрӯманд гардӣ.

Азбаски дарси мо дарси ҳамгирост, ба хонандагон супориш медиҳам, ки сифатҳои муқобилмаънои бузург, гарм, пурдида, мевадор, хушфеъл ва хоксорро дар дафтарашон нависанд.

Бузург-хурд, кӯчак

Гарм-хунук, сард

Пурдида-бетаҷриба

Ранҷ-роҳат

Ҳамчунин, калимаҳои ҳаммаънои чашм, канор, мактаб, нафъ ва оламро дарёфта, менависанд ба дафтарҳо.

Чашм-дида, басар

Канор-оғӯш

Мактаб-дабистон, таълимгоҳ

Нафъ-фоида, манфиат

Олам-дунё, гетӣ, даҳр

Сипас, бо ёрии омӯзгор матни шеър (назм) ба наср гардонида мешавад. Аз шогирдон мепурсам, ки оё орзуҳои шоира Розия Озод амалӣ гардидаанд? Оре, шоира Розия Озод фарзанде ба дунё овард, ки азизи тамоми мардуми тоҷик  шуд. Он фарзанди фарзона, олими бузург, муаллифи шоҳасари таърихии «Тоҷикон», академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад. Баъд аз ин, ҷумлаи «Аз қатра баҳр бисозем»-ро дар тахтаи синф навишта, таҳлил мекунем.

 

Фотима Ҳабибова,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №82-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш