Дарси адабиёт олами нафосату зебоӣ, ҳунару маҳорат ва хираду муҳаббат аст. Муҳимтарин ҷанбаҳои одамият, пеш аз ҳама, тавассути дарси адабиёт омӯхта мешаванд.
Ин дарс имконоти фаровонеро дорост ва ба хонандагон барои омӯзиши муваффақонаи фанҳои дигар илҳомбахш мешавад. Ба воситаи дарси ададбиёт шогирдони мо ҳам дар бораи адибони номвару эҷодиёти онҳо, дар бораи анвои назму наср ва мазмуну муҳтавои онҳо, дар бораи санъатҳои бадеӣ маълумот пайдо мекунанду ҳам ҳунари забондонию суханварӣ меомӯзанд. Барои афзудани шавқу завқи хонандагон ба адабиёт дар қатори омилҳои дигар дарсҳои хониши ифоданок нақши барҷаста доранд. Дар барномаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои тамоми синфҳои болоӣ соатҳои махсус ҷудо карда шудааст. Дарсҳои хониши ифоданок муҳаббату алоқамандии хонандагонро ба камоли бадеъ, ба вижа, ба шеър зиёд мекунанд, дар онҳо ҳисси эҳтиром ба сухан, ба забони модариро такмил мебахшанд. Хониши ифоданок ба таври муассиру ҷозибадор, ба лаҳни гуворо ва бо риояи қоидаҳои талаффузи дурусти вожаҳо хондани матни асари бадеӣ (назму наср) мебошад. Салоҳ он аст, ки дар дарсҳои аввал омӯзгор дар бораи моҳияту аҳамияти хониши ифоданок ва таърихи ташаккули он ба шогирдон маълумот бидиҳад. Таъкид бояд кард, ки ниёгони мо ба сухану суханварон ҳамеша арҷ мегузоштаанд ва умуман, ба сухани мавзуну шево эътиқоди махсус доштаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Сухан мояи сеҳру афсун бувад,
Ба тахсис, вақте ки мавзун
бувад.
Аҳли хирад даъват мекарданд, ки ҳар сухан бояд санҷидаву андешида ба забон оварда шавад, то қадраш накоҳаду таъсираш аз байн наравад.
Ҳар касе, ки шевою зебою муассир, андешидаву санҷида сухан мегуфт, пеши мардум соҳибэҳтиром буд.
Дар қадим суханварони мумтозро ровӣ мегуфтанд. Баъдан чунин ашхосро воиз низ номиданд.
Бар ровиёну воизон мардум бо ҳавас ва бо диққати махсус гӯш медоданд ва аз гӯишу хонишашон лаззат мебурданд. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-аш оварда: «Аз ҳама ҳунарҳо беҳтарии ҳунар сухан гуфтан аст».
Пас аз чунин муқаддима омӯзгорро мебояд, ки намунаҳо аз хониши ифоданокро тавассути дастгоҳҳои сабти овоз ба хонандагон ҳамчун намуна шунавонад. Барои ин дар ихтиёри омӯзгор сабти қироати сухангӯёни номвар (воизон, ровиён) Маҳмудҷон Воҳидов, Абдулқодир Манёзов, Ортиқи Қодир ва чанде дигар мавҷуданд. Ба хонандагон бояд оид ба қоидаҳои махсуси хониши ифоданок (чун дарки маънии матн ва аҳдофи муаллиф, риояи кашиши овозҳо, тақтеъ ва зада, ҳаракатҳо…) маълумот дод. Ин маврид донишҳои аз дарси забони модарӣ гирифтаи хонандагон низ ба кор меоянд. Албатта, фарқи байни хониши ифоданоки пораҳои назмию насрӣ ва асарҳои драммавиро ба шогирдон тавзеҳ бояд дод. Бар он бояд муваффақ гашт, ки дар ҳар дарси хониши ифоданок қисми зиёди хонандагони синф порае аз шеър ё ҳикояеро қироат намоянд. Тадриҷан хониши ифоданокро метавон ба тариқи озмун (хониши кӣ беҳтару бехатою шево) баргузор намуд. Мумкин аст, ки хонандагон матни мехондаашонро худ интихоб бикунанд. Дар хониши ифоданок ҳаракатҳои саҳнавӣ низ муҳим аст, зеро онҳо таъсири сухан, рӯҳияи онро бештар мекунанд.
Барои он ки муҳаббату алоқаи шогирдон ба сухану каломи шево боз ҳам қавитар шавад, бояд ба онҳо супориш дод, ки дар бораи сухану қадру манзалати он шоҳбайтҳо азёд бикунанд.
Дарси хониши ифоданок манфиатҳои зиёд дорад ва аз ин рӯ, онро ҳамеша бояд муассиру рангину шавқовар баргузор намуд.
Мавҷуда Иноятова,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр