Яке аз қисматҳои муҳими илми физика оптика ва ҳодисаҳои рӯшноӣ ба шумор меравад. Оптика ҳодисаҳои пайдо шудани рӯшноӣ, дар муҳитҳои гуногун паҳн гардидан ва бо моддаҳои гуногун таъсири мутақобил кардани онро меомӯзад. Рӯшноӣ барои ҳаёти инсону ҳайвонот ва наботот аҳамияти ниҳоят калон дорад. Ҳамаи фаъолияти инсон ба рӯшноӣ алоқамандӣ дорад. Мо ҳамаи ҷисмҳоро тавассути афканиши рӯшноӣ аз тарафи онҳо мебинем ва доир ба хосиятҳои гуногуни онҳо маълумот мегирем. Масалан, рӯшноии аз ҷирмҳои осмонӣ омада имконият медиҳад, ки вазъ ва ҳаракати Офтобу ситораҳо, сайёраҳо ва радифони онҳо муайян карда шаванд. Сохти ҳама гуна асбобҳои оптикӣ ба қонуну хосиятҳои рӯшноӣ асос карда шудаанд. Ба воситаи микроскоп ва телескоп таркиб ва сохти ҷисмҳои заминию осмониро муайян менамоем. Илми астрономия дар асоси робитаи рӯшноию чашми инсон ба вуҷуд омада, инкишоф ёфта истодааст. Рӯшноӣ барои пешрафти фаъолияти инсон ниҳоят зарур мебошад. Рӯшноӣ аз ҷисмҳо афканда мешавад. Ҷисмҳое, ки ба фазои онҳоро иҳотакунанда рӯшноӣ мебароранд, манбаъҳои рӯшноӣ номида мешаванд. Манбаъҳои рӯшноӣ ба табиӣ ва сунъӣ ҷудо мешаванд. Ба манбаъҳои табиӣ Офтоб, ситораҳо, фаҷрҳои қутбӣ, электрик, набототу ҳашаротҳои дурахшанда дохил мешаванд. Ба манбаъҳои сунъии рӯшноӣ гулханҳо, гӯгирд, шамъу чароғ, экрани фурӯзони телевизор, лампаҳои электрикӣ ва ғайраҳо тааллуқ доранд. Манбаъҳои сунъии рӯшноӣ дар ҳолати температураи баланд доштанашон рӯшноӣ меафкананд, бинобар он, онҳоро манбаъҳои ҳароратии рӯшноӣ меноманд. Дар замони ҳозира, инчунин аз манбаъҳои дигари рӯшноӣ – манбаъҳои «рӯшноии сард» номидашаванда истифода мебаранд. Дар ин манбаъҳо рӯшноии газҳо бо таъсири ҷараёни электрикии аз ин газҳо гузаранда ба амал меояд ва температураи газ дар ин гуна манбаъҳо қариб тағйир намеёбад. Лампаҳое, ки дар онҳо рӯшноии газҳо истифода бурда мешаванд, ба таркиби худ бо рӯшноии Офтоб якхела мебошанд. Бинобар ин, онҳоро лампаҳои «рӯшноии рӯз» меноманд ва аз онҳо дар истеҳсолот ва рӯзгори одамон ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамаи ҷисмҳоеро, ки рӯшноӣ намеафкананд (дарахт, хона, моҳ, сайёраҳо ва ғайраҳо), танҳо дар мавриде мебинем, ки агар бо манбаъҳои рӯшноӣ равшан карда шаванд. Рӯшноии аз манбаъҳо афкандашуда ба сатҳи ашё афтида, самти паҳншавии худро тағйир медиҳад.
Комил Сайдалиев,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр