(Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Ниёзмуҳаммад Саид)
- Муаллими муҳтарам, чунонки медонед, охири соли гузашта (22.12.2017) Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа гардид. Ин ҳодисаи муҳими сол аз ҷониби аҳли маорифи ноҳияи Данғара чӣ гуна пазируфта шуд? Дар партави Паём шуъбаи маорифи ноҳия дар марҳилаи аввал чӣ тадбирҳоеро ба нақша гирифтааст?
- Ҳар сухане, ки бо азму ирода ва аҳдофи неку хайрхоҳона гуфта мешавад ва мазмуну муҳтавои ватандӯстона дорад, гуворову пазирост. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз оғоз то анҷом ҳамбаста ба созандагиву бунёдкорист ва нахустҳадафаш тавсифи фаъолияти солонаи аҳли кишвар ва тавзеҳи ҳадафҳои минбаъда мебошад. Аз ин рӯ, Паёмро метавон ба машъали раҳнамои ҷодаҳои фардои мамлакат мушобеҳ донист. Чунонки дар он таъкид гардид, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».
Мо ифтихормандем, ки дар ин пешрафт аҳли маорифи кишвар ҳиссаи сазовор доранд. Аҳли маорифи ноҳияи Данғара Паёми Пешвои миллатро бо камоли таваҷҷуҳ шуниданд ва перомуни мазмуну муҳтавои он байни ҳам табодули афкор намуданд. Бояд гуфт, ки дар Паём тамоми паҳлуҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар дар идомаи соли 2017 амиқу дақиқ ва ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ шудааст ва низ самтҳову ҳадафҳои минбаъдаи мамлакат воқеъбинона, дар заминаи тавонмандию имконоти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муаяйн ва тавсиф гардидааст. Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар иртибот ба Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи дигари ироаи Паём ҳамоиши васеи аҳли маорифи ноҳия баргузор гашт. Дар ин ҳамоиш омӯзгорон доир ба нуктаҳои меҳварии Паём суханронӣ карда, ҳамзамон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Сарвари кишвар ҳамоно аз афзалият бархӯрдор аст. Аҳли маорифи ноҳия Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018-ро бо қаноатмандӣ пазируфтанд ва даъват карданд, ки вобаста ба ин иқдоми навини Президенти мамлакат дар тамоми таълимгоҳҳо силсилаи чорабиниҳо баргузор карда шаванд. Омӯзгорони мо бар он назаранд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат собитгари марҳила ба марҳила ба комёбиҳои бузург мушарраф гардидани аҳли мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти муҳтарамамон мебошад. Айни замон дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳияи мо вобаста ба Паём нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия шудааст ва гӯшаҳои махсус, лавҳу овезаҳо ороста мешаванд.
- Акнун мехостем, ки сухане чанд дар тавсифи вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои ҳудуди ноҳия бигӯед.
- Дар ноҳияи мо дар маҷмӯъ 79 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, аз ҷумла, як гимназияи ҷумҳуриявӣ, як мактаби Президентӣ ва як литсейи тамоюли техникии «Афлотун». Ҳамчунин, дар ноҳия се муассисаи томактабӣ амал мекунанд ва дар назди 56 муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст. Наздик ба ду ҳазор омӯзгор дар мактабҳои мо фаъолият доранд, ки беш аз 80 дарсадашон дорои таҳсилоти олианд, яъне ноҳия бо мутахассисони варзида асосан таъмин аст. Шояд ин далели шоистаи зикр бошад, ки дар дабистону кӯдакистонҳои мо беш аз сад зани фаъол дар мақомоти роҳбарӣ (сарвари мактаб, ҷонишини сарвар, мудири кӯдакистон…) кор мекунанд. Теъдоди зиёди омӯзгорони мо соҳибмуко-фоту соҳибҷоиза гардидаанд ва аз ҷумла, ду омӯзгор (Ф.Нуралиев ва Ҷ.Юсуфов) Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро сазовор шудаанд. Мо ба ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи байни омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорем ва дар ин самт шоҳбайти «Дар ҳама кор машварат бояд, Кори бе машварат наку н-ояд»-ро шиор баргузидем. Воқеан, ҳамкорӣ ҳамдилӣ дар пай дорад, ҳамдилӣ бошад, имконоти ашхосро афзун мекунад, неруяшонро меафзояд. Масалан, ба назари ман, дар кулли комёбиҳои аҳли кишварамон ҳамдилӣ, ҳамкорӣ, дӯстию рафоқат нақши меҳварӣ доранд. Дар суханрониҳои Пешвои миллат ин хислатҳои ҳамида пайваста талқин мешаванд. Аҳлона баргузор намудани ҷашнвораҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ, ташкили сабқату озмунҳои маърифатию варзишӣ, маҳфилу вохӯриҳо, ҳамчунин, қотеонаву ҳадафмандона ба роҳ мондани кори иттиҳодияҳои методии омӯзгорон ва амсоли инҳо, ки дар ноҳияи мо ҳукми анъанаро гирифтааст, дар тақвияти ҳамкорию ҳамдилии аҳли маориф омили басо муассиранд.
Чун ҳамкории омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар байни онҳо ва такмили ихтисосу бозомӯзии ҳамешагии таълимгарон дурусту пурсамар ҷараён меёбад, сифати таълиму тарбияи шогирдон низ ҳамвора беҳтар мегардад. Ҳоло чор хонандаи мактабҳои ноҳияамон гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд, панҷоҳу панҷ хонанда гирандаи стипендияи раиси ноҳияанд. Соли гузашта беш аз 2000 хонанда таълимгоҳҳои ноҳияро хатм карданд ва беш аз 1900 нафари онҳо ба воситаи имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олии мамлакат (96 нафар ба мактабҳои олии хориҷӣ) дохил шуданд, ки ин худ равшантарин далели сатҳи таҳсилу дониши шогирдони мост. Он нукта барои мо бештар хушоянд аст, ки аз теъдоди умумии хатмкардагони таълимгоҳҳоямон дар соли гузашта беш аз сад нафар донишҷӯи мактабҳои олии омӯзгорӣ гардиданд. Воқеан, дар мактабҳои мо омӯзиши равиявӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар 24 муассисаи таълимӣ хонандагон мувофиқи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва равияи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд.
- Имрӯз иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ ва сабқатҳои дигар яке аз нишондиҳандаҳои асосии сатҳу сифати таълиму тарбия дониста мешавад. Шумо дар боло ба ин масъала ишорае кардед, вале беҳтар мебуд, дар ин боб андаке муфассалтар ҳарф мезадед.
- Иштирок ва пирӯзӣ дар сабқату озмунҳо бештар иртибот бо истеъдодҳо дорад. Истеъдод пайомади фаъолияти пурсамари омӯзгорон, ҷидду ҷаҳди хонандагон, дастгирии волидон ва неруҳои дигари масъул аст. Бисёр хуб аст, ки имрӯз дар назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст ва чунин марказҳо фаъолияти шоиста доранд, дастгиру нумӯъбахши истеъдодҳоянд. Маркази рушди истеъдодҳо дар ноҳияи мо низ фаъол аст ва шумораи зиёди хонандагонро дар маҳфилҳои худ фаро гирифтааст. Сол то сол теъдоди иштирокдорони озмунҳо аз ҳисоби аъзои фаъоли ин маҳфилҳо меафзояд. Чунончи, дар соли таҳсили 2016-2017 беш аз 100 хонандаи ноҳия дар даври вилоятии озмунҳои фаннии хонандагон (олимпиада) ширкат варзида, аксарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ 17 шогирди мо дар сафи ғолибон ҷой гирифтанд; се нафар соҳиби медали тилло, шаш нафар соҳиби медали нуқра ва ҳашт нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи байналмилалии хонандагон 14 хонандаи мактабҳои мо медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар озмунҳои дигари маърифатию фарҳангӣ ва варзишии сатҳи вилояту ҷумҳурӣ низ комёбиҳои шогирдони мо чашмрасанд. Мо барои ҳамаи ғолибони чунин озмунҳо ва барои устодону роҳбарони синфҳои онҳо мукофотҳо муқаррар кардаем. Ҳоло дар тамоми таълимгоҳҳоямон хонандагони фаъол (асосан бо васояти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо) ба озмунҳои соли 2018 омодагӣ мегиранд. Умедворем, ки дар ин сол «сандуқи комёбиҳоямон»-ро пурганҷтар мекунем. Воқеан, дар дастгирии истеъдодҳо ва такмили онҳо, фарогирии бештари хонандагон бо омӯзиши вусъатманд Маркази таҳсилоти иловагӣ низ нақши муассир дорад. Ин марказ дар ноҳияи мо фаъолияташро тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои солҳои 2015-2020» ба роҳ мондаасту дар 18 маҳфили он таҳти роҳбарии мумтозтарин омӯзгорони ноҳия 552 хонанда ба омӯзиши пайваста машғуланд. Маҳфилҳои «Технологияи иттилоотӣ», «Хониши бадеӣ», «Сайёҳи наврас», «Экология», «Рақс ва расм», «Гулпарвар» ва «Ихтироъкорони ҷавон» дастовардҳои шоиста доранд. Дар маркази мазкур ду ҳадафи асосӣ муқаррар шудааст: омодагӣ ба озмунҳои фаннии мактабиён ва ҷалб сохтану тайёр намудани хонандагон барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олӣ.
- Ҳоло давраи таътили зимистонаи хонандагон фаро расидааст. Дар ин давра таълимгоҳҳо бо шогирдон чӣ иртиботе хоҳанд дошт?
- Чунонки мегӯянд, омӯзиш танаффус надорад. Омӯзгорони мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо шогирдони хешанд. Дар давраи таътил дари тамоми мактабҳо ба рӯи хонандагон боз аст ва омӯзгорон ҳамеша ба истиқболи шогирдон омодаанд. Барои давраи таътили зимистонаи хонандагон шуъбаи маориф ва тамоми таълимгоҳҳо нақшаи махсуси кор бо шогирдонро таҳия намудаанд. Дар ин давра, махсусан, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳсилоти иловагӣ, китобхонаҳо ва маҳфилҳои варзишӣ фаъолияти бештар хоҳанд дошт. Ҳамчунин, тибқи анъана дар давраи таътили зимистонаи хонандагон мо дар мактабҳо озмунҳои гуногун, аз қабили «Хати зебо», «Хониш ва фаҳмиш», «Донишвари мумтоз» баргузор менамоем. Дар ин давра роҳбарони синфҳо бо шогирдонашон ба саёҳатҳо (ба осорхонаҳо, мавзеъҳои таърихӣ, корхонаҳо…) мераванд. Омодасозии хонандагони фаъол ба озмунҳо ҳангоми таътил вусъат меёбад. Хулоса, дар давраи таътил хонандагон дар баробари истироҳат бояд аз омӯзиш барканор намонанд.
- Ман қабл аз суҳбат ба шумо дар чанде аз мактабҳои атрофи маркази ноҳия будам ва бо роҳбарони онҳо ҳамсуҳбат шудам. Дар умум, таассуроти хуб бардоштам аз ин дидану шуниданҳо. Он чӣ ки бароям нохушоянд афтод, дар се баст ҷараён доштани таълим дар мактабе буд.
- Шумо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар назар доред, ки воқеан ҳам, чунин аст. Дар се баст таҳсил доштан вазъи ногувор аст ва маҳдудиятҳои зиёде бор меоварад. Хушбахтона, ин таълимгоҳ дар соли таҳсили оянда соҳиби бинои илова хоҳад шуд, ки бунёдаш оғоз ёфтааст. Дар омади гап бояд бигӯям, ки дар давоми соли таҳсили гузашта дар ноҳияи мо бо дастгирию маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ се муассисаи нави таълимӣ (мактабҳои №№8, 9, 75) бунёд ва ба истифода дода шуданд. Айни замон бунёди биноҳои замонавӣ барои ҳафт муассисаи таълимӣ дар ҷамоатҳои деҳоти гуногуни ноҳия идома дорад. Боз бунёди бинои мувофиқ барои дувоздаҳ мактаби дигар дар солҳои наздиктарин ба нақша гирифта шудааст. Биноҳои нав ҳамзамон бо воситаҳои техникии таълим ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Ин ҳама имкон фароҳам меоварад, ки таҳсил дар се баст пурра бартараф карда шавад ва ҳатто, қисми зиёди мактабҳо имкони дар як баст ташкил кардани машғулиятҳоро пайдо намоянд.
- Дар нахустрӯзҳои соли нави мелодӣ ба аҳли маорифи кишвар чӣ таманниёте доред?
- Ман ҳамчун як тан аз аҳли маорифи мамлакат имрӯзҳо хеле хушнуду рӯҳбаланд аз онам, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз фаъолияти соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти соҳа дастурҳои муфид ва дурандешона доданд. Таманнои онро дорам, ки дар соли нав соҳаи маориф боз ҳам рушд ёбад ва аҳли маориф дар пешрафти Ватани маҳбубамон ҳиссаи бештаре дошта бошанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр