Нашрияи Омӯзгор

Нашъамандӣ фоҷеабор аст

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Нашъамандӣ вабои аср хонда шудааст ва ин бесабаб нест. Зумрае аз ҷавонон бекорию гаронии рӯзгорро баҳона пеш оварда, даст ба ин амали номатлуб задаанд, якҷоя бо аҳли оила, мактаб ҳамсояву хешон ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ машғул мешаванд.

Нашъаҷаллобӣ ин раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳама бадбахтиҳо мебошад. Пулу чизи ба ивази ин амал ба даст омада бақо надорад, балки сархӯр мешавад. Аз замоне, ки олимон нишонаҳои нашъамандиро муайян намуданд, онро ҳамчун беморӣ маънидод карданд. Аз ҷумла, мутахассиси соҳаи равоншиносии марбут ба нашьамандӣ Андрей Леонидович Лихтарнинков пешниҳод менамояд, ки ба нашъамандон чун бемор муносибат бояд кард. Азбаски амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи қатъӣ эълон шудааст. Одатан сабаби гирифторӣ ба нашъамандиро шароити мушкили зиндагии як қисми одамон меҳисобанд, аммо таҳлили воқеият чизи дигарро нишон медиҳад: аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, сониян, бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнин зиндагӣ мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ канор мекашанд. Саволе ба миён меояд: кадом сифатҳои хуби одамон онҳоро аз бемории нашъамандӣ бозмедорад?

-ҷаҳони маънавии бой, фарҳанги ғанӣ ва дониши мукаммал.

-Иродаи мустахкам.

-Пуртоқатӣ ба мушкилоти зиндагӣ.

Инчунин, аксари чунин одамон, махсусан, бачаҳо, дар баробари падару модари ғамхор дӯстони хуби наздик, аз ҷумла, аз ҳисоби устодон, муаллимон афроди ба дилашон наздик доранд. Ин ҳолат басо муҳим буда, боиси тамоман аз маҷрои нашъамандӣ дур     шудани наврасон мегардад.

Шахсони нашъаманд метавонанд ба бемориҳои зиёди табобатнашаванда мубтало гардида, ба воситаҳои гуногун дигаронро низ сироят мекунанд. Ҳаёти шахси нашъаманд хеле пурдард, бемақсад ва бемаънӣ мегузарад, ӯ одатан аз 30 сол зиёд умр намебинад.

Аз нашъамандӣ барҳазар бояд буд.

 

Басбибӣ Саидова,

омӯзгори мактаби №123,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш