Лаҳзаи дамгирӣ дар раванди дарси муосир барои синфҳои ибтидоӣ басо муҳим аст. Мондашавии фикрӣ ва хастагии равонии хонандагон ҳангоми дарс барои донишандӯзӣ ва ҳазми барномаи таълимӣ мушкилӣ эҷод менамояд.
Аз ин хотир, ташкил кардани лаҳзаи дамгирӣ бо иҷрои бозиҳои хусусияти таълимӣ дошта ниҳоят бамаврид ва хотирмон аст. Лаҳзаи дамгирӣ дар дарс бояд хусусияти тарбиявӣ низ дошта бошад. Лаҳзаи дамгирии дарс бояд аз 5 дақиқа зиёд давом накунад, зеро ҷозибияти он кам гашта, раванди таълим вайрон мешавад.
Чанд лаҳзаи дамгирӣ вобаста ба мавзӯъҳои зер:
• Асъори миллӣ - муқаддасоти Ватан
• Истифодаи оқилонаи пул
• Ба қадри ҳар дирам расидан
• Пули ҳалол, фоидаи ҳалол - бара-кати зиндагӣ
• Эҳтироми пул.
Баъди анҷоми лаҳзаи дамгирӣ омӯзгор метавонад оид ба асъори миллии тоҷикӣ, воҳидҳои пули хориҷӣ бо хонандагон пурсишу посух баргузор намояд. Мисол:
1. Пули миллии мо чӣ ном дорад?
2. Чаро асъори миллии моро сомонӣ мегӯянд?
3. Воҳидҳои пулӣ ва тасвирҳои онро шарҳ диҳед.
4. Дар рӯи пули миллии тоҷикӣ тасвири кадом бузургон акс ёфтааст?
5. Сомонию дирам ҳамчун бузургиҳои математикӣ ё ададҳои номдор?
6. Луғатомӯзӣ: пул-пайса, танга-сикка, асъор-арз...
Дар раванди дарс омӯзгор метавонад «тангабозӣ»-ро роҳандозӣ намояд. Дар ҷараёни бозӣ хонандагон ба назди тахтаи синф мебароянд ва тангаеро дар як дасти худ пинҳон менамоянд. Аҳли синф мегӯянд:
- Канӣ кушо! Хонанда дасти ишорашударо боз мекунад. Онҳо бо имову ишораҳои гумроҳкунанда мегӯянд:
- Танга дар дасти ман аст,
Дар кадом дасти ман аст?
Баранда ба ҳамсинфон мегӯяд:
- Гар биёбӣ шахси дасташ тангадор,
Раҳмати дунё ба номи бачадор.
Аҳли синф низ ин байтро такроран бо оҳанг месароянд. Яке аз хонандагон аз ҷой хеста мегӯяд:
Рози пӯшида ҳувайдо мекунам,
Тангаи гумгашта пайдо мекунам.
Вай дар назди тахтаи синф омада, ба яке аз хонандаҳо мегӯяд:
- Танга дар дасти ту аст,
Дар ҳамин дасти ту аст.
Агар танга дар он даст набошад, ҳамсинфон бо қарсак мегӯянд «Эҳе, танга куҷо? Ҳуши ин бача куҷо?» Он бача хиҷолатзада шуда менишинад ва хонандаи дигар ба тахтаи синф баромада, ин амалро давом медиҳад. Агар хонанда тасодуфан тангаи пинҳоншударо пайдо кунад, ҳама баробар мегӯянд:
- Баски ёфтӣ шахси дасташ
тангадор,
Ибодулло Ҳидоятов,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №17, деҳаи Шамтуч,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр