Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Дар таълимгоҳҳо фанҳои гуногун омӯхта мешаванд. Омӯзиши онҳоро тибқи нақша ва барномаи махсус Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муқаррар  намудааст. Ҳамаи фанҳо манфиатовару донишафзоянд ва як самти ҳаёти воқеии моро меомӯзанд.

Асосҳои фанҳои гуногунро азхуд намуда, хонандагони муҳити атроф ва қонуниятҳои онро дарк мекунанд, бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ шуда, ба ҳаёти мустақилона ва фаъолияти минбаъда омода мешаванд. Ҳамаи фанҳо махсусияту бартарӣ ва моҳияту аҳамияти худро доранд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар замони муосир таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардида. Ин гурӯҳи фанҳо барои гурӯҳи калони хонандагон гӯё баъзе мушкилиҳову мураккабиҳоро дороянд, аммо ин дар назари аввал чунин аст. Ин маврид ҳамон байти машҳури «Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате, Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро» ёд меояд. Яъне агар дарси омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз ҷумла, физика шавқовару саҳеҳу ҷолиб ва дар робита бо воқеият сурат бигирад, барои хонандагон мақбулу писандида хоҳад буд ва ба ин гуна дарс онҳо бо камоли мамнуният ва бо майли том фаъолона ширкат хоҳанд варзид. Чун мо дар замони рушди илму техника ва саноат зиндагӣ дорем, ин ҳолат зарурати омӯзиши бештару амиқтари фанни физикаро тақозо мекунад. Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки минбаъд марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил хоҳад ёфт. Яъне рушди саноат дар мадди аввал қарор хоҳад гирифт. Ин ҳолат низ талаб мекунад, ки дар мактабҳо омӯзиши физика вусъат бахшида шавад, зеро кор дар соҳаи саноат  он вақт муваффақона мешавад, ки корманд асосҳои илми физикаро хуб донад, қоидаҳои онро риоя намояд. Ҳоло омӯзгорони физика дар мактабҳо ба эҳтиёҷоти зиёд мувоҷеҳанд. Аксари таълимгоҳҳои мо бо дарсгоҳҳои замонавии физика, таҷҳизоти зарурӣ, озмоишгоҳҳо, дастурҳои методӣ таъмин нестанд. На ҳамаи китобҳои дарсии физика дар сатҳи баланд иншо шудаанд, махсусан, забони чунин китобҳо барои шогирдон душвориҳо пеш оварда. Барои омӯзгорони физика бо забони тоҷикӣ дастурҳои методӣ камшуморанд. Имрӯз зарурати ҳар чӣ зудтар таҳия ва чоп намудани китобу дастурҳои «Донишномаи физика», «Луғати мактабии истилоҳоти физикӣ», «Раҳнамои омӯзгори физика», «Физикҳои машҳури олам», «Ихтирооти барҷастаи олимони физик», «Физикаи шавқовар» ва амсоли инҳо ба миён омадааст. Ҳамчунин, айни муддао мебуд, ки барои омӯзгорони фанҳои дақиқ фаслномаи алоҳидае таъсис дода шавад. Ин маврид ёдовар мешавем, ки дар чанде аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ маҷаллаҳое чун «Физика дар мактаб», «Химия дар мактаб», «Математика дар мактаб» пайваста ба нашр мерасанд ва дастуру раҳнамои ҳамешагии омӯзгорони фанҳои дахлдоранд.

Тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, физика барои минбаъд дар мактабҳои олӣ омода намудани мутахассисони варзида, махсусан, дар соҳаҳои илм ва санъат заминаи асосӣ мебошад.

Сафарбек ОДИНАЕВ,

омӯзгори физикаи

литсейи №2 барои

хонандагони болаёқат

пойтахт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш