Мусоҳибае, ки шахси миллатдӯсту меҳанпараст Назрӣ Асадзода бо хабарнигори «Имрӯз-нюс» доир намудааст, хеле муфид аст. Дар ин мусоҳиба Н. Асадзода фаъолияти гурӯҳҳои ба ном «мухолиф»-ро дар мисоли ҳизби мамнуи террористӣ хеле хуб таҳлилу баррасӣ намуда, ба кору пайкори хоинону душманони миллату меҳани мо баҳои воқеӣ ва дақиқ додааст. Чун мусоҳиба дар интиҳои соли гузашта баргузор гардидааст, дар он фаъолияти яксолаи хиёнаткоронаю душманонаи ҳизби наҳзат ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ гардидааст.
Дар оғози мусоҳиба рӯзноманигор дар бораи мафҳуми «мухолиф» каме равшанӣ андохта, басо дуруст қайд кардааст, ки: «Мухолиф танҳо маънии муқобил будан, интиқод карданро надорад. Мухолиф он қувваҳои солими ҷомеаро меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд…». Воқеан ҳам ҳақ ба ҷониби Н. Асадзода аст, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ чанд нафари девонамаоберо, ки дар хориҷ аз кишвар ба ҳарзагӯиву афсонабофӣ ва душмантарошию бадномнамоӣ машғуланд, наметавон мухолиф номид. Чунки онҳо ҳамагӣ аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ буда, баъди содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба хориҷа фирор намудаанд. Дар ҳақиқат, барои худро зиёд нишон додан ва бемамоният ёрӣ гирифтан аз ташкилотҳои кумакрасон, экстремистони наҳзатӣ ташкилоти террористию экстремистиашонро ба номҳои дигар ба намоиш мегузоранд. Дар асл, инҳо мехоҳанд, ки ҳамон наҳзатро дар шаклу ҷомаи дигар рӯи саҳна оранд, аммо фиребашон ба кор нарафта истодааст. Сабаби аслии ба кор наомадани фиреби навбатиашон дар ошкор гардидани тамоми фаъолияти дурӯғин ва ҳилаю найрангҳои шаръиашон мебошад.
Сабаби дигари бо номҳои гуногун баромад кардан ва ҷилва додани амалҳои террористонаю экстремистонаашон он аст, ки ҳам наҳзатиҳои террорист ва ҳам пуштибонону хоҷагонашон дарк намудаанд, ки бо номи пешини ташкилоташон дигар наметавонанд мардумро ба доми фиреб афтонанд, маблағ ба даст оваранд ва иқдомҳои зиддимиллиашонро татбиқ кунанд. Масъалаи мазкурро намояндагони наҳзат дарк карда, ташкилотҳои дурӯғинеро бо номҳои «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо», ки ҳар кадоме 5-6 нафар аъзо дорад, созмон доданд. Дар марҳилаи баъдӣ онҳо эътилофи ҷинояткоронаашонро бо номи «Паймони зиддимиллии Тоҷикистон» созмон доданд. Н.Асадзода дуруст қайд кардааст, ки онҳо ба ин васила мехоҳанд, ярлики «наҳзат»-ро аз худ дур намуда, ҷиноятҳои алайҳи меҳану миллат содиркардаашонро барои ҷомеаҳои аврупоӣ пинҳон кунанд ва кирдорҳои пасту разилонаашонро бо либоси дигар идома бахшанд. Яъне, онҳо бо ин макрашон мехоҳанд, ки худро дар назари аврупоиҳо «дунявӣ» ва секуляр намоиш диҳанд. Вале ин хаёлашон ҳам хом баромад, зеро онҳо дар Тоҷикистон ҳамеша ба қатлу ғорати тарафдорони демократия ва дунявият машғул буданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи президентии соли 2013 намояндагони ҳизби мазкур айнан ҳамин гуна ҳолатро барои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон раво дида буданд. Ин навбат онҳо мехостанд, ки ду-се гурӯҳаки худсохтро бо ҳам пайваста, дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар ба худ моил созанд, вале ҳамин домгузорӣ ва ҳилаю найранги наҳзатиҳои террористро дида, касе ба эшон напайваст. Баръакс, бархе аз рӯзноманигорону олимон, аз қабили Додоҷони Атовулло, Саломуддин Мирзораҳматов, Ҳафиз Бобоёров, Азизи Сангин ва дигарон на танҳо даъвати наҳзатиҳои террористро напазируфтанд, балки ҷасурона нақшаҳои ҷинояткорона ва зиддимиллии онҳоро фош карданд. Ва ҳатто, иштироки яке аз собиқ ҳамандешагону ҳамсафони онҳо Айёмиддин Сатторов дар конфронси САҲА «Оид ба ченаки инсонӣ», ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава баргузор гардид, нақшаи ояндаи террористонаашонро барбод дод. Зеро А. Сатторов дар деги ҲНИ ҷӯшида буду дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамеша дар сангари онҳо қарор дошт ва тамоми асрори амалҳои даҳшатбору ваҳшатангези террористони наҳзатиро медонад. Ва дар конфронси САҲА ӯ ошкоро ва далелҳои муътамад ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарону пайравони ҲНИ-ро дар солҳои қабл ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ баён дошт.
Ҳамин тариқ, омӯзиши раванди фаъолияти зиддимиллии ТТЭ ҲНИ собит менамояд, ки онҳо ҳамагӣ бар муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ равона гардидаанд. Бо истифода аз ҳар ҳодисаю воқеа ва ҳолату марҳила террористони наҳзатӣ кӯшиш менамоянд, ки теша ба решаи миллат зада, шаъну шарафи давлату миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ то ба сатҳи поёнтарин паст фароранд. Ҳамин аст, ки аз ҳар фурсат истифода карда, ба манфиатҳову арзишҳои миллӣ монеа эҷод мекунанд. Масалан, амали террористонаи соли 2018 дар Данғара анҷомдодаашон собит сохт, ки ин аҳриманпешагону заҳҳоксириштон ҳеҷ гоҳ дилу нияти соф надоранд ва ҳамеша ҳозиранд бадтарину пасттарин амалро зидди Ватан анҷом диҳанд. Онҳо боз барои пинҳон кардани ҷинояти худ, ин амали ғайриинсониашонро таҳти пӯшиши парчами сиёҳи ҳамақидагони худ - ДИИШ иҷро намуданд. Вале тирашон хок хӯрд, чунки саркардаи террористон Абдусамадов Ҳусейн боздошт шуд ва тамоми асрори роҳбарони наҳзатиашро фош кард. Расонаҳои маъруфи давлатҳои хориҷӣ, аз қабили «Настояшее время», «Озодӣ» ва «Садои Амрико» бори аввал ба таври ошкоро оид ба даст доштани ТТЭ наҳзат дар қатли чор сайёҳи хориҷӣ хабар доданд. Ҳамин тавр, агар иртиботи роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ дар содир кардани ҷинояту хиёнатҳои сангини солҳои қабл маълум буд, акнун нақши онҳо дар амали мудҳиши террористие, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, ифшо шуд.
Аз таҳлили воқеӣ ва хулосабарории амиқи дар мусоҳибаи мазкур дарҷшуда бармеояд, ки наҳзатиҳо бо амалҳои душманонаю зиддимиллиашон муваффақ намегарданд, балки торафт шармандаю расво мегарданд.
Ҳар кӣ бар душмании халқ
равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу
гирдоб хӯрад.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар
Иловакунӣ
Иловакунии фикр