Нашрияи Омӯзгор

«Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ…»

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Тарбияи ахлоқии  хонандагон масъалаи муҳими замони муосир ба шумор рафта, маҳз аз чӣ гуна ба роҳ мондани машғулиятҳои тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгорону устодон дар таълимгоҳҳо вобастагии амиқ ва ҳалкунанда дорад.

Мусаллам аст, ки ҳар як омӯзгор роҳбарии синферо низ бар зимма дорад. Рисолати виҷдонии омӯзгорону устодон аст, ки бо ҳар як хонандаи синфашон корҳои инфиродиро роҳандозӣ намуда, тарбияи психологии шогирдонро дар мадди аввал гузоранд. Баргузор намудани ҷаласаҳои синфӣ бо иштироки падару модарон аз шеваю усули судманду муассири кори тарбиявӣ ба ҳисоб меравад. Муносибати омӯзгорони фаннӣ бо хонандагони синф, андешаю бардоштҳои онҳо аз вазъи одобу рафтор ва донишандӯзии шогирдон ва дар ин радиф, назорати қатъии волидон дар боби ба дарсҳо тайёрию омодагӣ дидани фарзандон дар раванди соли таҳсил муҳим буда, натиҷаҳои неку самаровар дар масъалаи сатҳу сифати дониши хонандагон аз омилҳои мазкур вобастагӣ дорад. Дар воқеъ, тарбияи дурусти хонандагон вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеа ба шумор рафта, ин масъулиятро танҳо ба дӯши омӯзгор ё падару модар ҳавола кардан аз рӯйи инсоф намебошад. Аммо дар ҳар сурат, қарзи виҷдонии волидон аст. ки ҳар як қадами фарзандро зери назорат бигиранд, дар куҷо, ба чӣ амал машғул будани ӯро донанд. Хусусан, иттилоъ пайдо кардани падару модарон аз он ки фарзандашон бо киҳо алоқаю дӯстӣ ва ҳамнишинӣ дорад, аз масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ!»

 

Шаҳзода Рашидова,

омӯзгори забони англисии

мактаби №24, ноҳияи Фирдавсӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш